Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии ИМА, дар мулоқот бо ҳамтои эронияш Муҳаммад Ҷавод Зариф, ки қарор аст рӯзи чоршанбе дар Женева баргузор шавад, талоши аз бунбаст берун кардани музокирот оид ба барномаи ҳастаии Эронро хоҳад кард. Баъд аз ин мулоқот машваратҳои дуҷониба бо гурӯҳи музокиракунандаи эронӣ сурат мегиранд.

Қарор аст, ки рӯзи 18 январ дар Женева даври навбатии музокироти “шашгона” (ИМА, Бритониё, Фаронса, Русия, Чин ва Олмон) бо Эрон дар сатҳи директорҳои сиёсӣ баргузор шавад. Дар ин музокирот аз Русия муовини вазири умури хориҷии кишвар Сергей Рябков намояндагӣ хоҳад кард.

Панҷ узви доимии Шӯрои амнияти СММ ба изофаи Олмон талоши қатъи барномаи ҳастаии Эрон ба ивази лағви ботадриюи таҳримҳои байнулмилалиро доранд.

ИМА ва кишварҳои ғарбӣ Эронро дар талоши дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ айбдор мекунанд. Теҳрон инро рад мекунад ва мегӯяд, ки барномаи ҳастаияш фақат аҳдофи осоишта дорад.

Моҳи ноябри соли гузашта музокироти Теҳрон ва “шашгона” ноком шуд ва ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки гуфтушунидҳо оид ба барномаи ҳастаии Эрон то моҳи июли соли 2015 тамдид шаванд.

XS
SM
MD
LG