Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Байати Толибони Покистон ба "Давлати Исломӣ"


Бино бар видеои наве, ки дар интернет пахш шудааст, гурӯҳе аз ситезаҷӯёни покистонӣ ва афғон бо буридани сари як сарбози артиши Покистон, ба гурӯҳи ҷиҳодии “Давлати Исломӣ” байат кардааст. Дар ин навори арабзабон, ки ҳақиқати он тафтиш нашудааст, гурӯҳе аз ситезаҷӯёни салладор дар ҷойи номаълум ҷамъ шудаанд. Шахсе, ки ба гуфтаи мақомоти амниятии Покистон сухангӯи пешини Толибони Покистон Шаҳидулло Шаҳид аст, бо руҷӯъ ба издиҳом эълон медорад, ки сарони гурӯҳҳои гуногуни Афғонистон ва Покистон ба раҳбари “Давлати Исломӣ” байат кардаанд. Дар поёни ин навори 16-дақиқаӣ марде, ки сарбози артиши Покистон унвон шудааст, бо табарча сар бурида шуд. Гурӯҳи “Давлати Исломӣ”, ки дар Ироқ ва Сурия қаламрави густардаеро ишғол кардааст, соли гузашта дар Покистон ва Афғонистон “ҷойи пой” пайдо кард.

XS
SM
MD
LG