Пайвандҳои дастрасӣ

Бар асари ҳамлаи афроди ношинос ба идораи маҷаллаи ҳаҷвии фаронсавии Charlie Hebdo ("Шарли Эбдо") дар Порис 11 нафар ба ҳалокат расида, даҳ каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Ба иттилои радиои France Info, ин иттилоъро полиси шаҳр ҳам тасдиқ кардааст.

Ба гуфтаи шоҳидон, ба идораи маҷалла, ки дар маркази шаҳр воқеъ аст, чанд мард бо сарпшӯи сиёҳ ва мусаллаҳ бо автоматҳои Калашников ворид шуданд. Баъд аз чанд лаҳза садои тирандозӣ баланд шуд, сипас одамони мусаллаҳ биноро тарк намуданд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, моҳи ноябри соли 2011, баъд аз нашри тасвирҳои танзомез ба Паёмбари Ислом Муҳаммад (с), афроди ношинос ба идораи маҷаллаи "Шарли Эбдо" бомб андохта буданд.

XS
SM
MD
LG