Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Исфара як зан шавҳарашро бо корд кушт


Машҳура Деҳқонова, сокини 38-сола шаҳри Исфара шоми дирӯз бар асари як муноқишаи хонаводагӣ, бо як зарби корд шавҳарашро ба қатл расонидааст. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ин ҳодиса шоми 5 январ дар манзили зисти сокини шаҳри Исфара Ғайратҷон Деҳқонов рух дод, ки дар натиҷаи як муноқиша ҳамсараш Машҳура бо корд ба ӯ ҳамла карда зарба мезанад, ки дар натиҷа Ғайратҷон ба ҳалокат мерасад. Манбаъ мегӯяд, ки зарбаи корд ба қафаси синаи Ғайратҷон хӯрда ва ӯ ва бар асари он ҷон бохтааст. Кормандони шӯъбаи корҳои дохилии Исфара Машҳураро боздошт намуда, алайҳи ӯ парванда боз кардаанд ва феълан тафтишот идома дорад.

XS
SM
MD
LG