Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

CPJ: Дар низоъҳо дасти кам 60 хабарнигор ҷон бохтааст


Қатли хабарнигор Ҷеймс Фолӣ дар Сурия
Қатли хабарнигор Ҷеймс Фолӣ дар Сурия

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон (CPJ) мегӯяд, ки соли 2014 дар кишварҳои гуногуни олам дасти кам 60 рӯзноманигор ҳангоми ифои вазифа ба ҳалокат расидаанд. Дар гузориши ин созмони дидбони ҳуқуқи хабарнигорон, ки рӯзи 23 декабр нашр шуд, ба афзоиши марги кормандони расонаҳои ҷаҳонӣ дар низоъҳои Ховари Миёна, Украина ва Афғонистон таъкид шудааст.

Бар пояи гузориш, Сурия чун ду соли пеш хатарбортарин кишвар барои хабарнинорон боқӣ мемонад – имсол дар он ҷо дасти кам 17 тан аз хабарнигорон ҷон бохтаанд. Миёни онҳо ду хабарнигори амрикоӣ Ҷеймс Фолӣ ва Стивен Сотлофф ҳам буданд, ки аз сӯи гурӯҳи “Давлати исломӣ” эъдом шуданд.

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон менависад, ки дар Украина панҷ хабарнигор ва ду корманди расонаҳои хабарӣ ба ҳалокат расиданд.

Чаҳоряки хабарнигорони соли равон ҷонбохта – кормандони расонаҳои ҷаҳонӣ буданд, ки назар ба солҳои пеш ҳадди аққал ду баробар бештар аст.

XS
SM
MD
LG