Пайвандҳои дастрасӣ

Талафоти азими сарбозон ва ҷангҷӯён дар Сурия


Бино ба хабари як гурӯҳи нозири ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия, дар зарфи 24 соати гузашта дар даргириҳо дар шимолуғарби кишвар тақрибан 200 нафар кушта шудаанд. Тундравони исломӣ бо ҳамла ба ду пойгоҳи сарбозони давлат ин ду пойгоҳро ишғол кардаанд. Созмони Нозири Ҳуқуқи Башар дар Сурия, ки дар Лондон қароргоҳ дорад, гуфт, дар ҷанги дурӯза барои пойгоҳи Водӣ Заиф 100 сарбози ҳукумат ва 80 ҷангҷӯ ҳалок шудаанд. Водӣ Заиф ва пойгоҳи дигар бо номи Ҳамидияро рӯзи 15-уми декабр аъзои Ҷабҳаи ал-Нусра, як созмони шарики Ал-Қоида ва дигар гурӯҳҳои тундрав ишғол кардаанд. Водӣ Заиф дар канори шоҳроҳест, ки шаҳри Димишқро бо Ҳалаб мепайвандад ва ду сол боз дар муҳосираи тундравон қарор дошт. Ба гуфтаи Созмони Нозири Ҳуқуқи Башари Сурия, ки аз табибону фаъолони зиёд дар Сурия иттилоъ ҷамъ мекунад, аъзои Ҷабҳаи ал-Нусра 120 сарбози давлатро асир гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG