Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти атомӣ бо Эрон тамдид шудааст


Баъди ҳосил нашудани созиш дар музокироти атомӣ бо Эрон ин кишвар ва шаш қудрати ҷаҳонӣ ба мувофиқа расидаанд, ки музокирот то рӯзи 1-уми июли соли 2015 идома кунад. Қарор буд, тарафҳо то рӯзи 24-уми ноябр ба созиш дар бораи барномаҳои атомии Эрон даст, ёбанд, вале ин кор ба онҳо муяссар нашуд. Бори дуввум аст, ки дар муддати 12 соли бунбасти барномаҳои атомии Эрон музокирот дар бораи ин барномаҳои баҳсбарангез тамдид мешавад. Кишварҳои ғарбӣ бим доранд, ки Эрон зери пардаи барномаҳои сулҳомези ҳастаӣ, бомби атомӣ месозад, вале Эрон мегуяд, ки ин нигарониҳо асос надоранд. Бар асоси созише, ки қарор буд, ҳосил шавад, Эрон фаъолиятҳои атомиашро маҳдуд мекунад ва дар иваз таҳримот алайҳи ин кишвар ба тадриҷ аз байн бурда мешавад. Филип Ҳаммонд, вазири умури хориҷии Бритониё дар шаҳри Вена гуфт, ки дар даври ниҳоии музокирот, ки рӯзи 18-уми ноябр шурӯъ шуд, тарафҳо “ба пешрафтҳои чашмгир” даст ёфтанд. Ба гуфтаи ӯ, гуфтугӯҳо моҳи декабр идома мекунанд ва тарафҳо ният доранд, то якуми март “созиши сархатсоз” даст ёбанд.

XS
SM
MD
LG