Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар шарқи Украина 7 500 низомии Русия мустақар шудаанд


Степан Полторак
Степан Полторак

Степан Полторак-вазири дифои Украина 22 ноябр гуфт, ки дар шарқи Украина 7 500 нафар нируҳои низомии Русия ҳастанд. Дар ин минтақа ҷудоихоҳони ҷонибдори Маскав аз моҳҳо ба ин сӯ бо нируҳои ҳукуматии Украина меҷанганд.

Дар изҳороте, ки торнамои вазорат ба нашр расондааст, Полторак мегӯяд, ки “ҳузури 7 500 нафар нируҳои мусаллаҳи Русия вазъро дар Украина ноором мекунад ва ба онҳо имкон намедиҳад, ки суботи вазъро таъмин кунанд”.

Полторак афзуд,Украина ба нақша гирифтааст, ки нируҳои мусаллаҳи худро тақвият мебахшад ва ба зудтарин фурсат онҳоро бо аслиҳа ва таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз мкунад.

Ҳамзамон нируҳои амниятӣ аз Киев гузориш медиҳанд, ки дар давоми 24 соати ахир дар ҷангҳои шарқи Украина 4 сарбози ин кишвар кушта, 10 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

21 ноябр ҳукумати нави эътилофии Украина эълон кард, ки онҳо барои пайвастан ба паймони НАТО бартарӣ медиҳанд.

XS
SM
MD
LG