Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе барои ҷилавгирӣ аз Эбола 3 микроизолятор харид


Вазорати тандурустии Тоҷикистон ҷиҳати иқдомот барои ҷилавгирӣ аз паҳн ва сирояти вируси Эбола се дастгоҳи микроизоляторро аз Чин ворид кардааст. Сабоҳат Аҳмадбекова, як масъули Хадамоти беҳдоштӣ ва вогиршиносии вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 18 ноябр зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамакнун ин дастгоҳҳо ба Фурудгоҳи байналмилалӣ ва Роҳи Оҳани Тоҷикистон вогузор шудаанд, ки дар сурати маълум кардани фарди сироятёфта ба вируси Эбола, тавассути ин дастгоҳо то ба бемористон интиқол дода хоҳанд шуд.

Ба гуфтаи хонум Аҳмадбекова, микроизолятор дастгоҳест, ки мушобеҳ ба кати бемор буда ва чор тарафи он пӯшонда шудааст ва фарди сироятёта ба вируси Эбола ба он гузошта мешавад, то ба дигарон сироят накунад ва бо ин дастгоҳ вай аз фурудгоҳ ё роҳи оҳан то ба бемористон интиқол дода мешавад. Масъулони хадамоти беҳдоштӣ ва вогиршиносии вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон мегӯянд, ин се дастгоҳи микроизолятор тавассути ин вазорат ба маблағи беш аз 4, 5 ҳазор доллари амрикоӣ харидорӣ шуда ва дар чорчӯби иқдомот алайҳи вируси Эбола роҳандозӣ мешавад. Бо ин ҳам масъулони вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон мегӯянд, то кунун ҳеҷ мавриди сироят ё ибтило ба бемории Эбола дар қаламрави ин кишвар сабт нашудааст ва ҳама чораҳо ҷиҳати пешгирӣ аз сирояти ин вирус дар марзи кишвар, аз ҷумла фурудгоҳҳо ва дигар роҳҳои иртиботӣ рӯи даст гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG