Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати боз се сарбози покистонӣ дар Вазиристони шимолӣ


Артиши Покистон аз кушта шудани се сарбоз ва ғайб задани дасти кам ҳашт нафари дигар бар асари як ҳамлаи ошӯбгарон ба постгоҳи низомии Спара Ғер як минтақаи дури марзии Вазиристони Шимолӣ хабар дод.

Дар ин даргирӣ дар канори рустои Дата Хейл дасти кам 34 тан аз ҳамлагрон ҳам ба ҳалокат расидаанд. Рӯзи 16 ноябр дар Дата Хейл қуюди шабгардӣ эълон шуд ва сарбозон дар атрофи постгоҳ ба ҷустуҷӯи ғайбзадагон шурӯъ карданд.

Амалиёти низомии артиши Покистон ба хотири аз Вазиристони Шимолӣ берун кардани мусаллаҳони “Толибон” моҳи июн шурӯъ шуд. Ба иттилои расмӣ, дар ин амалиёт тақрибан 1500 тан аз мухолифини давлат ва 124 афсару сарбози ҳукуматӣ кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG