Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлили 25-умин солгарди суқути Девори Берлин шурӯъ шуд


Дар Олмон таҷлили серӯза аз 25-умин солгарди суқути Девори Берлин оғоз шуд. Тақрибан 7 ҳазор пуфак, ки дар имтидоди девори аз байнрафтаи 15-километрӣ насб шудаанд, шоми 7-ноябр рушноӣ доданд. Михайл Горбачев, раҳбари шӯравии собиқ, ки бо бозсозӣ роҳро барои аз байн бурдани Девори Берлин боз кард, дар гузаргоҳи собиқи марзии Чарлӣ дар Берлин издиҳоми ҷамъомадаро истиқбол гирифт. Дар пасманзари боло гирифтани танишҳо миёни Русия ва кишварҳои ғарбӣ Михаил Горбачев гуфт, “Таҷрибаи қадимиву собитшудае вуҷуд дорад, ки вақте Русияву Олмон бо ҳам дӯстанд, Аврупо ором аст ва онҳо хубу ҷаҳон беҳтар аст.” Маросими таҷлил аз 25-умин солгарди суқути Девори Берлин ва поён ёфтани ихтилофоти Ҷанги Сард, ки соли 1989 ва дар рӯзи 9-уми ноябр шурӯъ шуд, бо як ҷашнвораи азим дар Берлин ва дар рӯзи 9-уми ноябр хотима меёбад.

XS
SM
MD
LG