Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷон Керрӣ: "Музокирот бо Эрон бар сари худаш аст"


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, гуфт, байни музокироти атомии ҷомеаи байналмилалӣ бо Эрон ва дигар масоил дар Ховари Миёна ҳеҷ иртиботе вуҷуд надорад. Ҷон Керрӣ рӯзи 8-уми ноябр дар шаҳри Пекин гуфт, “ман мехоҳам возеҳ кунам, ки байни музокироти атомӣ ва дигар масоил ба ҳеҷ ваҷҳ иртиботе вуҷуд надоорад. Музокироти атомӣ масъалаи алоҳида ва бар сари худаш аст.” Пеш аз ин баёнияи вазири умури хориҷии Амрико гузориш шуд, ки Вашингтон пешниҳоди мақомоти Эронро рад кардааст, ки гуфтаанд, дар сурати нармиш нишон додани қудратҳои ҷаҳонӣ дар робита ба созиши атомӣ бо Эрон” дар ҷанг алайҳи тундравони созмони Давлати исломӣ дар Ироқ кӯмак мекунанд. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия баъд аз мулоқот бо Ҷон Керрӣ дар шаҳри Пекин гуфт, мақомоти Амрикову Русия саъй доранд, то рӯзи муқарарраршуда, яъне рӯзи 24 ноябр созиши атомӣ байни Эрон ва қудратҳои ҷаҳонӣ имзо шавад.

XS
SM
MD
LG