Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роналду бо 100 миллион дӯст -- пешсафи Фейсбук


Криштиану Роналду, футболбози маъруф аз тими “Реал”-и Мадрид, бо 100 миллион ҳаводори худ дар Фейсбук қаҳрамони ин шабакаи иҷтимоӣ гардидааст. Роналду ба ин муносибат рӯзи 14 октябр як муроҷиати видеоӣ ҳам нашр ва аз тарафдорони худ барои ин ҳама ҳаводорӣ ва пайгирияшон изҳори сипос кардааст.

“Ташаккур бароятон, ки ман соҳиби 100 миллион дӯст дар Фейсбук шудам",-гуфтааст ӯ. Ба ин тартиб, Роналду дар ҳоли ҳозир танҳо нафарест, ки дар Фейсбук 100 миллион ҳаводор ё “обуначӣ” дорад ва аз ин теъдод дӯстони футболбози маъруф 78 дарсадашон мард ва 22 дарсад зан будаанд.

Танҳо яке аз аксҳои Криштиану Роналду бо писараш дар саҳифаи Фейсбуки ӯ бештар аз 3 миллиону 400 ҳазор “лайк” гирифтааст. Дар зери ин акс навишта шудааст: "Хушҳолам, рӯзи ҳифзи кӯдаконро бо писарам мегузаронам”.

XS
SM
MD
LG