Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нашри феҳристи беш аз 200 ширкату хоҷагиҳои "андозгурез"


Кумитаи андози Тоҷикистон феҳристи ширкату корхонаҳо ва хоҷагиҳои деҳқонии қарздорро, ки дар 7 моҳи охир ҳаҷми қарзашон аз 200 ҳазор сомонӣ гузаштааст, расман интишор кард ва дар миёни онҳо хоҷагии “Эмомалӣ Раҳмонов” низ ҳаст. Ин хоҷагии деҳқонӣ дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ҷойгир буда, ба қавли масъулони Кумитаи андоз қарзаш аз марзи 329 ҳазор ҳам гузаштааст. Аммо як мақоми ҳукумати ноҳияи Панҷ мегӯяд, ин хоҷагии деҳқонӣ ҳарчанд "Эмомалӣ Раҳмонов” ном дорад, вале аслан ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва ё наздикони ӯ мансуб нест.

Дар идомаи феҳристи мазкур ширкати парандапарварии ноҳияи Шаҳринав низ зикр шудааст, ки аз Кумитаи андоз беш аз 2 миллион сомонӣ қарздор будааст. Бар асоси ин рӯйхат, корхонаи "ДУШАНБЕГАЗ" 1 миллиону 899 ҳазор сомонӣ ва ҷамъияти саҳҳомии пушидаи "Файзи Данғара” 372 ҳазору 982 сомонӣ ва корхонаи истеҳсоли пахта "АТЛАНТА КОТТОН ИНВЕСТ" 334 ҳазор сомонӣ ва корхонаи "Тоҷиказот" беш аз 4 миллион сомонӣ қарздор мебошанд.

Кумитаи андози Тоҷикистон дар феҳрасти қарздорҳо номи беш аз 200 корхонаву ширкатҳо ва хоҷагиҳои деҳқониро зикр кардааст, ки ба буҷа андоз насупоридаанд. Ин ниҳод мегӯяд, барои баргардонидани ин ин пулҳо бо баъзе аз ин ширкатҳои номбурда вориди баҳси додгоҳӣ шудаанд, ки ҳанӯз идома дорад.

XS
SM
MD
LG