Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳимзода: “Гурӯҳҳои террористӣ зери ниқоби гурезаҳо меоянд”


Рамазон Раҳимзода

Рамазон Раҳимзода

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон гуфтааст, хуруҷи нерӯҳои низомии хориҷӣ аз Афғонистон ба бесарусомониҳо шиддат хоҳад бахшид. Ин нуктаро вазири умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 1 октябр зимни ифтитоҳи ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД ё ОДКБ) дар Душанбе баён доштааст. Ӯ гуфтааст, “вуруди гурӯҳҳои тахрибкору террористӣ зери ниқоби гурезаҳоро ба қаламрави кишварҳои СПАД набояд нодида гирифт.”

Раҳимзода ахиран дар суҳбат бо хабарнигори ИТАР-ТАСС ҳам изҳор дошта буд, бояд ба инобат гирифт, ки Тоҷикистон дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ ё СНГ дарозтарин марз бо Афғонистонро дорад, ки тӯли он 1370 километрро ташкил дода, аз манотиқи кӯҳӣ убур мекунад ва бо сабабҳои объективӣ ба таври зарурӣ бархе аз қисматҳои он ҳифз намешавад. Вазири умури дохилии Тоҷикистон афзудааст, “тавре иттилоъ дорем, дар наздикиҳои марзи Тоҷикистон дар ҳудуди Афғонистон гурӯҳҳои террористӣ ва диверсионӣ гирди ҳам омадаанду метавонанд, дар ҳар фурсати муносиб зери ниқоби гурезаҳо вориди кишвар ва қаламрави СПАД шаванд.”

Генерал Раҳимзода дар идома афзудааст, ба зиммаи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар назди гузаргоҳии марзии Панҷи Поён маркази муваққатии нигаҳдории гурезаҳо вогузор шудааст, ки бояд онро муҷаҳҳазу замонавӣ гардонд, то рафтуои гурезаҳо ба қаламрави СПАД таҳти назорати қатъӣ қарор гирад. Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози раҳбарони мақомоти кишварҳои узви СПАД дар шаҳри Душанбе бо иштироки Николай Бордюжа, дабири кулли ин созмон идома дошта, ба баҳси роҳҳои муқобила бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ бахшида шудааст.

XS
SM
MD
LG