Пайвандҳои дастрасӣ

Шумораи ҷонварони сайёра 50 фоиз кам шудааст


Дар давоми камтар аз ним қарн шумораи ҷонварон дар сайёра бештар аз ним баробар коҳиш ёфтааст. Дар ин бора яке аз бузургтарин гурӯҳҳои омӯзиши муҳити зист натиҷаи таҳқиқоти худро ба чоп расондааст.

WWF ё Бунди ҷаҳонии зистшиносӣ марказаш дар Шветсария, ки 30 сентябр гузориши худро зери унвони “Ҷонварони сайёра-2014” мунташир сохт мегӯяд, ки ҳоло роҳҳои шумориши ҷонварони сайёра нисбат ба ду соли пеш беҳтар шудаст ва тибқи ин шумориш ҷонварон дар ним аср 52 дарсад камтар шудаанд.

Дар ҷараёни омӯзиш ба ҳисоби миёна аз ҳар даҳ ҳазор ҷонварони ширхор, паррандаҳо, хазандаҳо, ҷонварони обиву заминӣ ва моҳиҳо мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд.

Дар гузориш гуфта мешавад, сабаби коҳиши шадиди ҷонварон дар давоми солҳои 1970 то 2010 ин будааст, ки одамон ба табиат бештар ниёз пайдо кардаанд. Шумораи ҷонварон ҳам дар манотиқи дорои иқлими нарм ва ҳам дар манотиқи тропикӣ камтар шудааст.

Дар ин гузориш омадааст, ки ҷонварон бештар да Африқои Ҷанубӣ камтар шудаанд.

XS
SM
MD
LG