Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадзай Раҳмонро ба меҳмонӣ даъват кард


Ашрафғанӣ Аҳмадзай, раиси ҷумҳури нави Афғонистон, баъд аз адои савганди вафодорӣ ҳамтои тоҷикаш -- Эмомалӣ Раҳмонро ба меҳмонӣ даъват кардааст. Ӯ дар сӯҳбат бо Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, ки 29 сентябр дар Кобул сурат гирифт, гуфтааст, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар вақти барояш муносиб метавонад ба Афғонистон сафар намояд. Муҳаммадато Султонов, масъули дафтари матбуоти Маҷлиси Намояндагон, мегӯяд, Шукурҷон Зуҳуров ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай дар сӯҳбати худ, бештар масъалаи густариши ҳамкориҳои ду кишвари ҳамсоя дар ояндаи наздикро ба баррасӣ гирифтаанд.

Ба қавли ӯ, раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон дар ҷараёни сафари худ ба Кобул бо доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ ҳам мулоқот кардааст, ки ҳоло раҳбари иҷроии ҳукумати ваҳдати миллӣ дар Афғонистон аст. “Шукурҷон Зуҳуров доктор Абдуллоҳро ба муносибати раиси ҳукумати иҷроии ҳукумати ваҳдати миллӣ дар Афғонистон шуданаш аз номи Эмомалӣ Раҳмон табрик кард”,-гуфт Султонов.

Шукурҷон Зуҳуров дар суҳбатҳои худ аз таъсиси ҳукумати ваҳдати миллӣ дар Афғонистон истиқбол карда, онро барои мардуми он кишвар дастоварди бузург номидааст. Оқои Зуҳуров дар садри як ҳайат барои иштирок дар маросими савгандёдкунии Ашрафғанӣ Аҳмадзай, муовинони ӯ ва доктор Абдуллоҳ, ки 29 сентябр дар Кобул ҷараён гирифт, ба Афғонистон рафта буд.

XS
SM
MD
LG