Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти Бозоров барои таҳдиди таркондани таксӣ


Алихон Бозоров, сокини 50-солаи Душанбе, ба ҷурми таҳдиди таркондани норинҷак ё “граната” ба як ронандаи таксӣ боздошт шудааст. Масъулони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, Бозоров рӯзи 19 сентябр ба мошинаи Қодирҷон Султонов, сокини маҳаллаи Яккачинори пойтахт нишаста, ба ӯ таҳдид кардааст, норинҷакро хоҳад тарконд ва аз ӯ хостааст, барои халосии ҷонаш аз хонааш пул бароварда диҳад.

Ба иттилои мақомот, ба далели дар назди бинои истиќоматии Султонов зиёд будани одамон, Бозоров фавран ҷои ҳодисаро бе гирифтани маблаѓ тарк мекунад. “Баъд аз ворид гардидани аризаи шањрванд Султонов ба ВКД аз њисоби кормандони ботаљрибаи милиса гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, ҷинояти мазкур ба таври оҷилӣ ошкор карда шуд”.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, Алихон Бозоров рӯзи 21 сентябр аз сӯи маъмурони пулис боздошт шуда, феълан алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

XS
SM
MD
LG