Пайвандҳои дастрасӣ

Федератсияи футболи Тоҷикистон беҳтарин бозигар, беҳтарин мураббӣ ва беҳтарин доварро дар моҳи июн муайян кард.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон Кароматулло Саидов, нимҳимоятари тими футболи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва мунтахаби наврасони Тоҷикистон, беҳтарин бозигар, Мубин Эргашев, сармураббии дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, беҳтарин мураббӣ ва ёвари довари ФИФА Сайёдҷон Зайниддинов аз шаҳри Душанбе беҳтарин довар дар моҳи июн эълон шуданд. Ба беҳтаринҳои моҳи июн ҷоизапулӣ ба ҳар кадом ба маблағи 500 сомонӣ супурда мешавад.

Ёдовар мешавем, легионер аз Гана Дэвид Мауто, ҳамлагари тими “Истиқлол”, беҳтарин бозигар, Мубин Эргашев, сармураббии дастаи “Истиқлол”, беҳтарин мураббӣ ва довари ФИФА Хуршед Дадобоев аз Хуҷанд беҳтарин довар дар моҳи март эълон шуда буданд. Дар моҳи апрел Хуршед Маҳмудов, нимҳимоятгари тими “Истиқлол”, беҳтарин бозигар, Алишер Тухтаев, сармураббии дастаи “Энергетик”-и Душанбе, беҳтарин мураббӣ ва довари ФИФА Парвиз Муртазоев аз Душанбе беҳтарин довар интихоб шуда буданд. Ҳамчунин Дилшод Восиев, ҳамлагар ва капитани тими “Истиқлол”-и Душанбе, беҳтарин бозигар, Нуъмонҷон Юсуфов, сармураббии дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд, беҳтарин мураббӣ ва довари ФИФА Насрулло Кабиров аз шаҳри Норак беҳтарин довар дар моҳи май эълон шуда буданд.

XS
SM
MD
LG