Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаҳои ФФТ ба беҳтаринҳои соли 2012 супурда шуд


Рӯзи 5-уми феврал дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency»-и шаҳри Душанбе маросими супурдани ҷоизаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон ба беҳтаринҳои соли 2012-ум баргузор шуд.

Дар ин маросим нахуст Рустами Эмомалӣ, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бораи натоиҷи мавсими соли гузашта гузориш дод. Вай, аз ҷумла, чунин гуфт:

“Федератсияи футболи Тоҷикистон соли гузашта барои иҷрои «Барномаи рушди футбол дар Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» як қатор тадбирҳо андешида,корҳои муайянеро ба ҷо овард. Доир гардидани марҳилаҳои интихобию ниҳоии Ҷоми президенти AFC дар шаҳри Душанбе ба рушду инкишофи футболи ватанӣ вусъати тоза бахшиданд. Дар ин мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ футболи тоҷикро дастаи «Истиқлол»-и Душанбе муаррифӣ намуд ва барандаи Ҷоми президенти AFC гардид. Соли гузашта чемпионати XXI Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ бо иштироки 13 даста баргузор гардид. Қобили қайд аст, ки бозиҳо хеле шавқовар доир мешуданд ва натиҷаи ҳамин буд, ки қаҳрамон дар бозии охирин маълум гардид. Баъди 21 соли иштирок дар чемпионати Тоҷикистони соҳибистиқлол бори нахуст унвони қаҳрамониро дастаи «Равшан»-и Кӯлоб соҳиб шуд.»


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:39 0:00
Линки мустақим


Рустами Эмомалӣ таъкид кард, ки бо вуҷуди пешравиҳо дар баргузории мусобиқоти соли гузашта камбудиҳои ҷиддӣ низ ҷой доштанд. Ӯ афзуд: “Футболбозони оддитарин қоидаҳои интизомии мусобиқаро риоя накарда, бо бозии дағалона ва рафтори ғайриварзишӣ ба ҳарифони худ осеби ҷисмонӣ расонидаанд. Доварони вохӯриҳо низ аз ҷониби бозингарону мураббиён ва ҳатто аз тарафи роҳбарони баъзе дастаҳо суханони қабеҳу носазо шунида, мавриди латукӯб қарор гирифтаанд. Бинобар ин ба кумитаи интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон супориш дода мешавад,ки дар оянда нисбати чунин қоидавайронкуниҳо чораҳои қатъӣ ва мушаххас андешад.»

Дар ин маросим ба дастаи “Равшан”-и Кӯлоб, қаҳрамони Тоҷикистон дар соли 2012-ум, ҷому ифтихорнома ва медалҳои тилло супурда шуд. Маъруф Рустамов, сармураббии дастаи Равшан”, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, дар айни ҳол даста ба нахустин бозии сабқати интихобии Ҷоми АФК – Конфедератсияи футболи Осиё, ки 6-уми март дар шаҳри Хуҷанд бо дастаи “Ал-Рамза”-и Урдун баргузор мешавад, омодагӣ мебинад.

Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода барои ҷойи дувум бо медалҳои нуқра ва дастаи «Истиқлол»-и Душанбе барои ҷойи севум бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Се дастаи беҳтарини лигаи якум – “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, “Саройкамар”-и ноҳияи Панҷ ва Ҳулбук”-и ноҳияи Восеъ мутаносибан бо медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Баъдан ба беҳтарин футболбозону мураббиён ҷоизаҳои Федератсия супурда шуданд. Дилшод Восиев, капитани дастаи “Истиқлол”, бо ду ҷоиза барои беҳтарин ношонзан (24 гол) ва беҳтарин бозигари соли 2012-ум сарфароз гашт. Алишер Тӯйчиев (“Истиқлол”) беҳтарин дарвозабон, Ҳасан Рустамов (“Равшан”) беҳтарин ҳимоятгар, Нуриддин Давронов (“Истиқлол”) беҳтарин нимҳимоятгар, Комил Саидов (“Регар-ТадАЗ”) беҳтарин ҳамлагар, Маъруф Рустамов (“Равшан”) беҳтарин мураббӣ, Раҳмон Муртазоев (Душанбе) беҳтарин довар, Достон Маъмиров (ноҳияи Ҷаббор Расулов) беҳтарин мураббии футболи кӯдакона, Миралӣ Шарифов (“Бонки миллӣ”) беҳтарин бозигари футзал, Ҳусейн Шодиев (“Вавилон”) беҳтарин мураббии футзал, Наталя Сотникова (“Ласточка”, Душанбе) беҳтарин футболбоззан, Илдар Раҳмонов (“Регар-ТадАЗ”) беҳтарин мураббии футболи занона, Абдуҷалил Боронов (“Панҷшер”) беҳтарин нишонзани мусобиқаи лигаи якум эълон шуданд ва бо ҷоизаҳои ФФТ сарфароз гаштанд.

Дар ин маросим, ҳамчунин, собиқадорону сарпарастони футболи тоҷик бо тӯҳфаҳои Федератсияи футболи кишвар қадрдонӣ шуданд. Валерий Турсунов, ноиби аввали раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба собиқадорони футболи тоҷик Мирзо Мамадҷонов, Юрий Ринков, Салимҷон Султонов, Раҳимҷон Шарифов, Мулло Шамсиев, Шарифҷон Тоҷиев, Наримон Ёқубов, Эмомалӣ Қурбонов ва Темур Хушматов мукофоти молӣ тақдим кард.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:16:24 0:00
Линки мустақим


Дар маросими ҷоизасупорӣ Руқия Қурбонова, муовини Сарвазири Тоҷикистон ва Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати кишвар ва ҳамзамон ноиби аввали раиси Кумитаи миллии олимпӣ суханронӣ карда, ғолибону ҷоизадоронро табрик гуфтанд ва ба дастаҳо дар мавсими нав барори кору комёбиҳо орзу намуданд.

Рустами Эмомалӣ аз номи Федератсияи футболи кишвар ба Ислом Икромов, узви дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва тими лигаи олӣ - “Энергетик”-и Душанбе, ки ба иллати бемории вазнин ду сол инҷониб бистарӣ шудааст, кӯмаки молӣ кард. Маблағи табобати ин бозигари ҷавон ба модари ӯ – Меҳринисо Икромова, ки дар ин маросим ширкат дошт, супурда шуд.

Дар ҷараёни маросими ҷоизасупорӣ муаррифии тӯби расмии футбол, ки бо он бозиҳои имсолаи лигаҳои олӣ ва якуми Тоҷикистон баргузор мешаванд, доир гардид. Ин тӯб бо фармоиши Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Покистон истеҳсол шуда, ба стандарти ҷаҳонӣ, ки ФИФА (Федератсияи байналмилалии футбол) тасдиқ намудааст, комилан ҷавобгӯ мебошад.

XS
SM
MD
LG