Пайвандҳои дастрасӣ

Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) беҳтарин мураббӣ, беҳтарин бозигар ва беҳтарин доварро дар моҳи ноябр муайян кард.

Ҳасан Рустамов, ҳимоятгари дастаи “Равшан”-и Кӯлоб, беҳтарин бозигар, Рустам Хоҷаев, сармураббии дастаи “Хайр”-и Ваҳдат, беҳтарин мураббӣ ва Равшан Ишматов, довари FIFA аз шаҳри Қӯрғонтеппа, беҳтарин довар дар моҳи ноябр эълон шуданд. Ба ҳар кадом ҷоизаи ФФТ ба маблағи 500 сомонӣ супурда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Никола Кавазович, собиқ сармураббии дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, беҳтарин мураббӣ, легионер аз Бразилия Виллер Соуза Оливейра, нимҳимоятгари тими “Истиқлол”, беҳтарин бозигар ва Равшан Ишматов аз шаҳри Қӯрғонтеппа беҳтарин довар дар моҳи май, Тоҳир Мӯъминов, сармураббии дастаи “Энергетик”-и Душанбе, беҳтарин мураббӣ, легионер аз Гана Дэвид Мауто, нимҳимоятгари тими “Равшан”-и Кӯлоб, беҳтарин бозигар ва Диловаршоҳ Орзуев аз ноҳияи Ҳисор беҳтарин довар дар моҳи июн, Олег Ширинбеков, сармураббии дастаи “Истиқлол”, беҳтарин мураббӣ, легионер аз Эрон Ҳусейни Сӯҳробӣ, ҳамлагари тими “Истиқлол”, беҳтарин бозигар ва Раҳмон Муртазоев аз Душанбе беҳтарин довар дар моҳи август, Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, беҳтарин мураббӣ, легионер аз Гана Соломон Течи, ҳамлагари тими “Равшан”, беҳтарин бозигар ва Раҳмон Муртазоев аз Душанбе беҳтарин довар дар моҳи сентябр, Ҷаҳонгир Эргашев, ҳамлагари дастаи “Истиқлол”, беҳтарин бозигар, Мубин Эргашев, сармураббии дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд, беҳтарин мураббӣ ва Равшан Ишматов, аз шаҳри Қӯрғонтеппа, беҳтарин довар дар моҳи октябр эълон шуда буданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG