Пайвандҳои дастрасӣ

Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) беҳтарин мураббӣ, беҳтарин бозигар ва беҳтарин доварро дар моҳи сентябр муайян кард.

Ба иттилои дафтари матбуоти ФФТ, беҳтаринҳои моҳи сентябр аз рӯи натоиҷи бозиҳои чемпионат ва Ҷоми Тоҷикистон муайян шуданд.

Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, беҳтарин мураббӣ, легионер аз Гана Соломон Течи, ҳамлагари тими “Равшан”-и Кӯлоб, беҳтарин бозигар ва Раҳмон Муртазоев аз Душанбе беҳтарин довар дар моҳи сентябр эълон шуданд. Ба ҳар кадом аз беҳтаринҳои моҳи сентябр ҷоизаи ФФТ ба маблағи 500 сомонӣ супурда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Никола Кавазович, собиқ сармураббии дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, беҳтарин мураббӣ, легионер аз Бразилия Виллер Соуза Оливейра, нимҳимоятгари тими “Истиқлол”, беҳтарин бозигар ва довари FIFA Равшан Ишматов аз шаҳри Қӯрғонтеппа беҳтарин довар дар моҳи май, Тоҳир Мӯъминов, сармураббии дастаи “Энергетик”-и Душанбе, беҳтарин мураббӣ, легионер аз Гана Дэвид Мауто, нимҳимоятгари тими “Равшан”-и Кӯлоб, беҳтарин бозигар ва Диловаршоҳ Орзуев аз ноҳияи Ҳисор беҳтарин довар дар моҳи июн, Олег Ширинбеков, сармураббии дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, беҳтарин мураббӣ, легионер аз Эрон Ҳусейни Сӯҳробӣ, ҳамлагари тими “Истиқлол”, беҳтарин бозигар ва Раҳмон Муртазоев аз Душанбе беҳтарин довар дар моҳи август эълон шуда буданд. Моҳи июл беҳтаринҳо муайян карда нашуданд, зеро ки дар ин моҳ бозиҳои расмӣ баргузор нашуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG