Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табрикоти Эмомалӣ Раҳмон ба Барак Обама


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба муносибати ҷашни истиқлоли Амрико, Барак Обама, ҳамтои амрикоияшро табрик гуфт. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 4-уми июл дар торнамои худ паёми шодбошии Эмомалӣ Раҳмон ба Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрикоро нашр кард, ки дар омадааст, «Сарфарозам Ҷаноби Олӣ, Ҳукумат ва тамоми мардуми Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ба муносибати фаро расидани ҷашни миллӣ – солгарди Рузи истиқлолият сидқан табрик ва таҳният гӯям."

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар идомаи паёми табрикии худ, густариши ҳамкориҳо бо Амрикоро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии кишвари хонад ва гуфтааст, ки "мо ба рушди муносибатҳои худ бо Иёлоти Муттаҳида таваҷҷӯҳи хосса зоҳир менамоем ва ҷонибдори инкишофу нумӯи ҳар чӣ бештари онҳо дар арсаҳои гуногун ҳастем. Итминон дорем, ки тавассути кӯшишҳои якҷоя сатҳи ҳамкориҳо дар бахшҳои сиёсӣ, амниятӣ ва, хусусан, тиҷоративу иқтисодӣ ба пояҳои баландтар бардошта хоҳанд шуд."

Ҳамзамон раиси ҷумҳури Тоҷикистон нақши Амрикоро дар масоили "ривоҷи муносибатҳои созанда дар минтақа назаррас" дониста ва афзудааст, ки "умедворем, кишвари Шумо, бо назардошти хуруҷи нерӯҳои эътилофӣ аз Афғонистон, минбаъд низ, ба масъалаи рушди ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир хоҳад кард."

Дар поёни паёми раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Барак Обама, сиҳатии комил ва комёбиҳои рӯзафзун ва ба мардуми дӯсти Амрико хушрӯзӣ ва саодат орзу кардааст.

4 июл - Рӯзи истиқлоли ИАМ аст, ки имсол ин кишвар 238 солагии онро дар саросари ҷаҳон аз ҷумла дар Тоҷикистон таҷлил кард.

XS
SM
MD
LG