Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рамазон омад. Чун ҳамеша бо парвози нархҳо (ВИДЕО)


Моҳи шарифи Рамазон имсол низ ҳамроҳ бо мавҷи нави парвози нархҳо пой ба Тоҷикистон гузошт. Бо вуҷуди талошҳои мақомот, бовари бисёриҳо ин аст, ки парвози нархҳо ҳамчунон идома ёфта, дар арафаи ид ба авҷи аълояш хоҳад расид.

Тибқи тасмими Шӯрои уламои Маркази Исломии Тоҷикистон, рӯзи 28 июн моҳи шарифи Рамазон пой ба ин сарзамин мегузорад. Ба ин муносибат, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 27 июн дар паёми телевизионие тамоми мардум ва мусалмононро шолдбош гуфт ва дар канори кумак ба ятимону бепарасторон, аз соҳибкорону тоҷирон даъват ба амал овард, ки "нархҳоро ба таври сунъӣ" боло набаранд. Аммо боздид аз бозорҳои шаҳри Душанбе нишон медиҳад, ки аллакай қимати маҳсулоти мавриди ниёз нисбат ба рӯзҳои пеш боло рафта ва нигарониҳоеро дар миёни сокинон ба бор овардааст.

Омодагии мардуми Тоҷикистон ба оғози моҳи шарифи Рамазон ба ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки ҳама сола 27 июн таҷлил мешавад, рост омад. Мардум дар канори таҷлили аз Рӯзи Ваҳдати миллӣ роҳ ба сӯи бозору дуконҳо низ гирифтанд, то бо хариди маводу маҳсулоти мавриди ниёз аз ин моҳи муборак истиқбол бигиранд. Дар ин гиру дорҳо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми телевизионие низ мардуми кишвар, бо фарорасии моҳи Рамазон табрику шодбош гуфт ва аз соҳибкорону тоҷирон даъват ба амл овард, то нархи маҳсулоти мавриди ниёзро дар остона ва ҷарёани ин моҳи саъид баланд набардоранд. Ҷаноби Раҳмон дар ин робита гуфт, "ба хотири фоидаи бештар гирифтан, арзиши молро баланд бардоштан, хусусан дар моҳи шарифи Рамазон гуноҳест, ки дар дини мубини ислом маҳкум карда мешавад."

Ҳатто раисиҷумҳур аз қавли паёмбари ислом Муҳаммад (а) афзуд, «агар касе дар нархгузории ризқу рӯзии мусулмонон дахолате намояд, ки сабаби боло рафтани қимати онҳо шавад, Худованд ҳатман фардо рӯзи қиёмат ӯро дар оташи ҷаҳаннам қарор хоҳад дод. Бинобар ин, инсон бояд зимоми нафсашро дар ихтиёр гирифта, ҳирсро ба қаноат табдил диҳад."

Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон низ чанд рӯзи пеш чунин даъват карда буд, ки соҳибкорон қиматҳоро дар моҳи Рамазон боло набаранд.

Нархи гӯшт пеш аз Рамазон аз 40 гузашт

Нархи гӯшт пеш аз Рамазон аз 40 гузашт

Аммо баръакси ин даъватҳо, муддати ду - се рузи ахир нархҳо дар бозору дуконҳои шаҳри Душанбе дар муқоиса ба рузҳои қабл боло рафта ва боиси нигаронии бештари сокинон шудааст. Як сокини пойтахт дар сӯҳбати сарироҳӣ бо Радиои Озодӣ чунин изҳори назар кард: "Нарху наво хеле қимат ва моҳи Рамазон боз қиматтар мешавад. Ҳоло аз бозор баромадам ва масалан, нархи як кило пиёз - 1 сомониву 50 дирам. Дар ҳоле, ки пештар 1 сомониву 20 то 30 дирам буд. Як кило гушт 38 сомонӣ, пештар 32 сомонӣ мехаридам. Мева низ ҳамин хел қимат шудааст. Дар мамҷуъ нарххо аз 2, 3 то 5 - 6 сомонӣ зиёд шудааст. Ақаллан дар моҳи Рамазон бояд нархҳо арзон шаванд, на ин ки қимат."

Ҷавони дигаре, ки тоза аз бозори "Шоҳмансур" берун шуда буда низ дар канори ташвиш аз афзоиши нарху наво, сабаби онро низ чунин шарҳ дод, "дар ҳақиқат, Рамазон наомада, алакай нарх ба якборагӣ қиммат шудааст. Шояд боз қимат шавад. Аммо медонед, мо халқи мусалмонем ва Рамазон, ки омад бояд нархро қимат кунем ва ба ин васила бояд дар нохунак "савоб" гирем. Халқи моро "табармусалмон" мегӯянд -ку. Аммо ман намедонам, ки ин аз халқ вобаста аст ё аз кӣ?"

​Зимнан, аз таҷрибаи солҳои пеш дар моҳи Рамазон ва иди Қурбон, ки ду ҷашни мазҳабии мардумони мусалмон ҳастанд, бармеояд, ки нархи маҳсулот дар Тоҷикистон ба ҷои арзон шудан афзоиш меёбад. Дар ҳоле, шунида мешавад, ки кишварҳои мусалмонӣ дар моҳи шарифи Рамазон ва иди Қурбон нархҳоро барои сокинонашон ба маротиб арзон мекунанд, то аҷру савоберо дарёбанд.

Ҳамакнун иддае аз сокинони шаҳри Душанбе пешниҳод доранд, то ниҳодҳои зирабти давлатӣ, ба хусус шаҳрдорӣ танзими нархҳоро ба душ гирад, то мардум дар моҳи мубораки Рамазон азият накашад.

Ин ҳам дар ҳоле, ки дар гузашта шаҳрдории Душанбе чунин иқдомотеро рӯи даст доштааст, аммо соҳибназарон мегӯянд, ки бо таваҷҷӯҳ ба иқтисоди бозорӣ назорат аз сӯи шаҳрдорӣ ва ниҳодҳои зирабт ба маҳсулоти бозор, ки тавассути соҳибкорони инфиродӣ ва хусусӣ ворид мешавад, то ҳол чандон муассир набудааст. Онҳо мегӯянд, парвози нахҳо дар тӯли моҳи Рамазон зоҳиран ҳамчунон мушоҳида хоҳда шуд ва ччун ҳамеша дар арафаи иди саиди Фитр ба авҷи аълояш хоҳад расид.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG