Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзҳои ахири моҳи мубораки Рамазон, ташвишу саргардонии мардуми мусалмони кишварро ба маротиб афзудааст.

Омодагӣ ба таҳияи дастурхони идона масъалаи аслиест, ки аксари кулли мардум дар арафаи иди Фитр сари он меандешанд ва дар тараддудаш ҳастанд. Дар зимн бозору кӯчаҳои наздики бозорҳо як саҳнаи беназмро мемонад. Таъмири роҳҳои пойтахт, махсусан дар атрофи бозорҳо ба ин беназмиҳо афзудааст ва мушкили мардум - ҳам ронандаҳо ва ҳам пиёдагардҳоро дучанд кардааст.

Сокинон, ки сарфи назар аз ҳавои гарми ин рӯзҳо бояд маҳсулоти хони идонаашонро бо ҳар роҳу усул таҳия кунанд, ҳатто дар арафаи ид асабиву хашмолуд ба назар мерасанд. Зеро аз як сӯ, нархҳои ба якбора ба осмон парвоз кардаи маҳсулоти бозор, аз сӯи дигар, мушкили ҳаракат дар роҳҳо ба оташи асабонияти мардуми рӯзадор равғани бештар мерезад.

Ба гуфтаи шоҳидон, алакай субҳи чоршанбе нархи як кило себ то 20 сомонӣ, як кило шафтолу то 18 сомонӣ расида, картошкаву сабзӣ дар бозор тухми анқо шудааст. Як кило бодиринг то 3 сомонӣ, сабзӣ низ - 3, помидор - 5 ва як харбуза то ба 35-40 сомонӣ расидааст.

Аммо як мусоҳиби мо бо ифтихор қисса кардааст, ки тавонистааст килои ангуру олуро 10 сомонӣ бихарад ва тарбузро ҳамагӣ 12 сомонӣ гирифтааст.


Бозори Қӯрғонтеппа

Бозори Қӯрғонтеппа

Имрӯз қимати маводи ғизоӣ дар бозори Қӯрғонтеппа низ ниҳоят баланду дандоншикан буд: "Фурӯшандаҳо ҳарис буданд, ҳатто нархи картошкаю пиёзу сабзиро то 20 дарсад боло бурданд. Шафтолу аз 12-то 18 сомонӣ, себ аз 8 то 15 сомонӣ, банан 3-4 сомонӣ, нок аз 8 то 15 сомонӣ, тарбузу харбуза на кам аз 7-10 сомонӣ, ангур аз 8 то 15 сомонӣ. Меваи хушку шириниҳо, ҳатто нархи шарбату нӯшобаҳои дигар ҳам ба таври назаррас боло бурда шуд."

Ҳамсӯҳбатони мо дар бозори Шоҳмансури пойтахт ҳам аз он шикоят мекарданд, ки нархҳо назар ба ҳамагӣ як-ду рӯз пеш аз 50 то 100 дарсад боло рафтааст. Ба гуфтаи онҳо, тоҷирон «қусур»-и нархҳои дар тӯли моҳи Рамазон таҳти фишори шаҳрдорӣ «танзим»-шудро дар рӯзҳои ахири ин моҳи шариф гирифтанианд ва бо ҳамин фоидаи аздастрафтаашонро дар арафаи ид ба истилоҳ «барқарор» карданианд.

Қарори маълум, тибқи қарори шаҳрдории Душанбе, дар тӯлии моҳи Рамазон қимати чанд маҳсулоти мавриди ниёзи аввали мардум, ба мисли орду шакар ва равғану гӯшт, таъйин шуда буд ва касе аз тоҷирон ҳаққи фурӯхтани ин анвоъи ғизо аз нархи таъйиншударо надошт.

Далели дигаре ки бозорҳои Душанберо дар ин соатҳои боқимонда то расидани иди Фитр пуриздиҳом мекунад, ин аст, ки ба гуфтаи тоҷирон, дар баъзе бозорҳои бузурги пойтахт барои 4 рӯзи баъдӣ истироҳат эълон шудааст.

Навори видеоии Озодӣ аз ташвишу саргардонии мардуми Душанбе дар арафаи иди саиди Фитр ҳикоят мекунад.


Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG