Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баъди оғози моҳи Рамазон бархе маҳсулоти мавриди ниёзи аввали мардум дар бозорҳои Душанбе камчин шудааст. Алалхусус шакару тухм.

Рӯзи 14-уми июл модар бозори «Фаровон» ва бозорчаи маҳаллаи Зарафшони Душанбе тақрибан тухму шакар пайдо карда натавонистем. Дар ягон мағозаи бозорчаи маҳаллаи Зарафшон тухм набуд, шакарро бошад ҳамагӣ аз чанд мағоза пайдо кардан мумкин асту халос. Айни ҳолат дар бозори яклухтфурӯшии «Фаровон» мушоҳида мегардад.

Сабаби якбора дастнорас шудани шакару тухмро дар бозорҳои пойтахт савдогарҳо дар танзим шудани нархаш аз ҷониби мақомот медонанд.
Онҳо мегӯянд, тибқи дастури мақомот, нарху навои бозор давоми як моҳи Рамазон зери контрол аст ва онҳо наметавонанд шакару тухм ё равғанро бо нархи муқарраркардаи ҳукумат ва ба зиёни худ фурӯшанд.

Зайниддин, яке аз ин тоҷирон ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомот бояд на тоҷирон, балки тавлидкунандагонро танзим кунад, зеро вақте истеҳсолкунанда арзиши маҳсулотро боло бардорад, фурӯшанда чӣ гуна метавонад онро арзонтар аз нархи харидааш ба савдо бароранд?! Зайниддин мегӯяд: «Мо, савдогарҳоро ҳукумати шаҳр маҷбур мекунад, ки дар моҳи Рамазон нархи тухм аз 50 дирам боло набошаду нархи шакар аз 4 сомонӣ. Аммо мо шакарро чор сомониву бист дирам мехарем, ки агар онро чор сомонӣ савдо кунем, зарар мебинем. Тухмро бошад шаст дирам харидорӣ мекунем, вале аз мо талаб доранд, ки онро 50 дирам фурӯшем.»

Зайниддин афзуд, аз бало ҳазар гуфта, маҳсулотеро, ки «фоидаовар» нест ва нархаш танзим мешавад, то охири моҳи Рамазон на мехарад ва на мефурӯшад.

Холаи Сафармоҳ, савдогари дигар, дар сӯҳбати бидуни микрофон гуфт, бархе муштариёнаш омодаанд тухмро ба нархи 90 дирам ҳам бихаранд, вале азбаски нархи таъйиншуда 50 дирам аст, ӯ танҳо ба одамони мавриди бовариаш ва он ҳам аз таги дӯкон тухм мефурӯшад. Албатта, на ба он 50 дираме ки аз «боло» таъйин шудааст.

Аммо харидорон бар ин боваранд, ки тоҷирон зоҳиран ба шаҳрдорӣ принсип нишон дода истодаанд, ки зиёнаш дар ҳар сурат ба мардум мерасад.

Маҳина Расулова, сокини маҳаллаи Зарафшони пойтахт мегӯяд, дастури танзими нархҳо баръакс сабаби дастнорас шудани маҳсулот шудааст. Маҳина мегӯяд, чанд рӯз боз дар бозори маҳаллаи Зарафшон тухм фурӯхта намешавад ва шакар ҳам бо мушкилӣ пайдо мегардад. Ба гуфтаи ӯ, танзим вақте мешавад, ки мақомот бо ворид кардани маҳсулоти фаровон бозори савдогарони беинсофро бизананд, на инки танҳо бо як амри холӣ ки аз ин гаронтар нафурӯшед: «Тухм дар ягон ҷо бошад ҳа, бо нархи қимат аст. Вақте бо савдогарҳо гап мезанем , онҳо мегӯянд, аз боло қимат шудааст. Хуб мебуд ҳамин мушкилиҳо рафъ ва нархҳо арзонтар мешуданд.»

Масъулини бозорҳо низ камчин шудани бархе маҳсулот дар моҳи Рамазонро тасдиқ мекунанд, вале ваъда медиҳанд, ки дар кӯтоҳтарин муддат ин мушкилро ҳал хоҳанд кард.


Меҳрӣ Бӯриева

Меҳрӣ Бӯриева

Меҳрӣ Бӯриева, роҳбари бозори маҳаллаи Зарафшон дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, 3 рӯз боз дар ин бозор тухм тамоман ва шакар қисман нест. Хонум Бӯриева меафзояд, ки арзиши донаи тухм як рӯз пеш аз Рамазон 48 дирам буд, вале дар рӯзи авали ин моҳи муборак фабрикаҳои мурғпарварӣ арзиши онро якбора ба 63 дирам расонданд. Ба таъкиди роҳбари бозори Зарафшон, то 2 ило 3 рӯзи дигар ин мушкил рафъ ва нархҳо дар бозор танзим хоҳад шуд.

Сиёвуши Қосим, шореҳи иқтисодӣ мегӯяд, мақомот дар ҳар Рамазон ва идҳо барои танзими нарху навои маҳсулот талош мекунанд, вале ин хилофи принсипи иқтисоди бозоргонист. Ба андешаи ин шореҳ, танҳо рақобати солим метавонад сабаби коҳиши нархҳо шавад ва мақомот низ бояд бо даровардани маҳсулоти фаровон аз афзоиши нархҳо пешгирӣ кунанд ваё ба тоҷирон дар ивази арзонтар фурӯхтани молашон субсидия диҳанд: “Вақте давлат молҳои ниёзи мардумро дар анборҳои худ надорад ва дастур медиҳад ба соҳибкорону тоҷирон, ки молҳоро арзон фурӯшанд, ин боиси болоравии нархҳо мешавад. Чун тоҷирон мехоҳанд фоида гиранд ва агар субсидияву дигар имтиёзҳо ба онҳо дода нашавад, онҳо кори худро кардан мегиранд. Танзим натиҷае намедиҳад, вақте мақомот на захираи комил доранд ва на як барномаи дурусте дар ин самт.”

Дар арафаи Рамазон раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дастур дод, ки давоми як моҳ 12 номгӯи маҳсулоти мавриди ниёзи аввалия бо нархи арзонтар дастраси мардум гардонида шавад.

Маъмулан дар моҳи Рамазон нарху наво дар бозорҳои Тоҷикистон башиддат боло мераванд. Рамазони имсола низ аз ин ҷумла истисно нашуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG