Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ордро қонуни бозор ва рақобат арзон кард


Коҳиши нархи орд пурсишҳоеро ба миён овардааст, ки чӣ гуна ин ҳолат ба миён омад ва оё мумкин аст, чунин равандро ҳифз карду аз "ҷаҳиш"-и нархи маводи ниёзи аввалия пешгирӣ намуд.

Иқтисоддони тоҷик Давлатмурод Ҷумъаев мегӯяд, Тоҷикистон шоҳиди яке аз намунаҳои беҳтарини танзими нарх аз сӯи бозор шуд: «Дар ин ҷо маҳз рақобати бозор кори худро кардааст ва набояд ҷои тааҷҷуб бошад. Барои чӣ аз ин пеш нарх поён наомад, чунки монополистон бозорро инҳисор мекарданд. Кори дасти монополистон буд. Аммо чуноне ки гуфтам, агар нархи воридот паст ва хароҷоти зиёд набошад, тоҷирон барои тезтар ба фурӯш рафтани мол ва гирифтани нафъ маҷбур мешавад, ки нархро паст кунад.»

Ин иқтисоддони тоҷик ҳамчунин афзуд, дар сурате ки агар пешниҳод ҳамингуна зиёд ва талабот кам бошад, нарх низ бо роҳи табиӣ паст меравад.

Вале тоҷирони орд бар инанд, ки коҳиши нарх натиҷаи таъсири ҳамзамони чанд омил аст. Фирӯз Ҷӯраев, як тоҷири орд дар бозори «Фаровон» мегӯяд, агар яке аз сабабҳои коҳиш нархи орд талабот ба он бошад, сабаби дигараш афзоиши пешниҳодот барои хариди он ва ҳамчунин кам шудани харҷи интиқол мебошад: «Сабаби нисбатан арзон шудани нархи орд дар он аст, ки дар худи Қазоқистон истеҳсоли орд зиёд шуд. Аз тарафи дигар бо сабаби боз гардидани нақби Шаҳристон, ки мушкил ва харҷи роҳро кам кард, қимати роҳкиро барои як халта орд низ то як доллар арзонтар шуд. Ҳоло дар Суғд 11 осиёби нав ба истифода дода шуд, ки дар 1 шабонарӯз то 200-300 тонна гандуми Қазоқистонро орд мекунад. Ва мо низ аксаран аз Суғд ҳамин ордро ба бозор ворид мекунем.»

Тоҷирони ордфурӯш мегӯянд, ҷаҳиши нархи орд дар чанд моҳи ахир сокинони кишварро ба таҳлука андохт ва онҳо аллакай ба миқдори муайян ин маҳсулотро захира карда, ҳоло хариди ин мавод камтар шудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки чанд рӯзи охир як халта орди 50 килоии навъи олӣ аз 180 сомонӣ ба 155 сомонӣ коҳиш ёфтааст. Тоҷирон ҳадс мезананд, ки бо ин равиш нархи орд аз ин ҳам пасттар хоҳад шуд. Бархе аз онҳо эътироф мекунанд, ки дар таъйини нархи орд қонуни бозор нақши муҳим доштааст.

Нархи орд дар Тоҷикистон рӯ ба арзонӣ ниҳодаст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:45 0:00

Тоҷир Илҳом Муродалиев, аз ҷумла ба амали занҷираии хариду фурӯш ишора мекунад: «Замоне тоҷирон диданд, ки ба орд талабот бениҳоят зиёд аст, ҳама ба ворид намудани ин маҳсулот шурӯъ кардан ва ин рақобатро ба миён овард. Ҳоло бошад нарх паст рафту харидор кам шуд. Масалан, харидорони мо аксаран аз ноҳияҳо буданд ва чун нархи орд баланд рафта буд, онро захира карданд. Барои ҳамин ҳам ҳоло талабот нест. Аммо сокинони пойтахт бошанд бештар ба нонҳои нонвойхонаҳо бартарӣ медиҳанд ва кам орд мехаранд.»

Бо ин ҳама коҳиши нархи орд хушҳолии харидоронро ба миён овардааст. Руҳулло Соҳибов, як сокини пойтахт гуфт, нисбатан пойин омадани нарх харҷи хонаводаҳоро низ камтар мекунад: «Вақте ки орд то 180 сомонӣ боло рафт, мардум ба даҳшат афтоданд ва гумон карданд, ки аз ин ҳам болотар меравад. Бархе ҳатто пуле надоштанд, ки онро захира кунанд. Ҳоло шукри худо, ки нарх баръакс арзонтар шуд. Чун маҳсулоти асосӣ аст, барои ҳамин ҳам ҳама ба нархи орд бештар аҳамият медиҳанд. Зеро бархе оилаҳо моҳе то 4 халта орд ҳам истифода мекунанд.»

Ҳарчанд дар мавриди омилҳои коҳиши нархи орд назарҳо кам ё беш ҳамсонанд, дар мавриди давомдор будани ин раванд, ҳамсӯҳбатони мо ақидаи мухталиф доранд. Аксарият фикр мекунанд, ҳифзи ин ҳолат осон нест, зеро монополистҳои бозор аз коҳиши нарх хуш нестанд ва эҳтимол меравад, бо ташкили камбуди сунъӣ, нарх дубора ба боло ҳаракат кунад.

Ҷаҳиши нарх дар арафаҳои Иди Рамазон оғоз ёфта, як халта орд аз 100 ба 185 сомонӣ боло рафт. Шаҳрдории Душанбе барои пешгирӣ аз парвози нархҳо даст ба танзими, ба истилоҳ «маҷбурӣ» зад, ки то ҷое натиҷаи баръакс дод.

Тоҷикистон солона тақрибан ба 2 миллион тонна ғалла ниёз дорад, ки танҳо зери 1 миллионаш аз ҳисоби тавлидоти дохилӣ ба даст меояд. Бақияи маводи зарурӣ аз хориҷ, асосан аз Қазоқистон оварда мешавад. Бино бар омори расмӣ, соли гузашта аз Қазоқистон ба Тоҷикистон наздик ба ним миллион тонна танҳо гандум ворид шуда, ҳоло ҳар моҳ аз ин кишвар 28 000 тонна орду 37 000 тонна гандум оварда мешавад.
XS
SM
MD
LG