Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чорвои мардуми Исфара ҳоло ҳам ба чарогоҳи баҳсӣ роҳ наёфтааст


Сокинони наздимарзии Тоҷикистон бо Қирғизистон ҳоло ҳам мегӯянд, натавонистаанд, чорвои худро ба чарогоҳҳои баҳсӣ баранд, дар ҳоле ки ахиран миёни ҳайатҳои ҳарду ҷониб сари ин масъала музокира анҷом шуда буд. Лоиқ Маҳкамов, раиси ҷамоати Ворухи ноҳияи Исфара рӯзи 5-уми июн ба радиои Озодӣ гуфт, раиси ин ноҳия Даврон Зоҳидзода барои истифода аз чарогоҳои баҳсии наздикиҳои вилояти Ботканд, ба мақомоти вилояти Ботканд муроҷиат кардааст, ки чорвои мардуми Исфара ба чарогоҳҳо роҳ дода шавад.

Ба нақли Лоиқ Маҳкамов соли гузашта дар аввалҳои моҳи май чорво дар чарогоҳҳо буданд, ҳоло моҳи июн даромада ва чорво дар деҳааст. «Ҳоло мо мунтазири посухи мақомоти Ботканд ҳастем, ки бо мусодиати ду тараф чорво ба чарогоҳҳо бурда шавад, зеро бо расидани гармо алаф хушк мешавад», гуфт Маҳкамов.

Сокинони Воруху Хоҷаи Аълои Исфара шикоят доранд, ки алафу хошоке, ки барои чорво дар зимистон ҷамъ карда буданд, тамом шудааст ва барои роҳ набудан ба чарогоҳҳо мушкил пеш омадааст.

Собир Сафаров, раиси ҷамоати Хоҷаи Аъло мегӯяд, то ҳол на масъалаи чарогоҳҳо ва на масъалаи сохтмони роҳҳои мошингард ҳалли худро пайдо накардаанд ва мардуми Исфара наметавонад чорвои худро ба чарогоҳҳо барад.

Ин дар ҳолест, ки Ҷумъабой Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суғд, рӯзи душанбе дар як сӯҳбати кӯтоҳ бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки гурӯҳи кории Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳақиқат дар мавриди истифодаи чарогоҳҳо ба мувофиқа расидаанд, аммо нархи иҷораи чарогоҳҳо дар миён гузошта нашудааст.

Аммо бо гузашти чанд рӯз аз ин гуфтушунид ба гуфтаи сокинон, ҳоло ҳам чорвои сокинони Исфара ба чарогоҳҳои баҳсӣ, ки ҳамасола сар аз аввали фасли гармо дар онҷо будаанд, роҳ наёфтаанд.
XS
SM
MD
LG