Пайвандҳои дастрасӣ

Қишри миёна беш аз 20% аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳад


Дар пайи як пажӯҳиши Маркази таҳқиқоти стратегии дафтари раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мушаххас шудааст, ки 22, 2 дар сади ҷамъияти ин кишварро қишри миёна ташкил медиҳад. Фарида Муъминова, як масъули Маркази таҳқиқоти стратегии дафтари раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи душанбеи 13-уми январ дар нишасти хабарӣ зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти ин марказ гуфт, ки "дар ҷараёни ин пажӯҳиш панҷ критерия, аз ҷумла соҳибкорӣ, кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ ва тиҷорат мавриди омузиш қарор гирифт". Ба гуфтаи хонум Мӯъминова, пажӯҳиш мушаххас кард, ки қишри миёнаро синни 41 сола ба боло ташкил медиҳад ва аксари онҳо дорои маълумоти олӣ ҳастанд. Ҳамчунин ба таъкиди хонум Мӯъминова, қишри фаъоли миёна бештар дар шаҳрҳо ҳастанд. Аҳолии Тоҷикистон тибқи маълумоти ахир, аз ҳашт миллион бештар аст.
XS
SM
MD
LG