Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Киев мухолифон эътирозҳои густардатаре ба нақша гирифтаанд


Рӯзи якшанбе дар Украина боз як тазоҳуроти бузурги эътирозӣ дар ҳоли роҳандозӣ шудан аст. Мухолифони давлат аз ҷонибдорони худ хостаанд, ки аз минтақаҳо ба шаҳри Киев оянд ва давлати Виктор Янукович-раиси ҷумҳури ин кишварро водор кунанд, ки барномаҳои равобти наздик бо Иттиҳодияи Аврупоро дунбол кунад.

Якшанбеи ҳафтаи гузашта дар чунин эътирозҳо ҳудуди 300 ҳазор нафар ширкат ҷустанд ва он бузургтарин тазоҳурот аз замони инқилоби норинҷии соли 2004 дар Украина буд. Рӯзи шанбе Михаил Саакашвилӣ-раиси ҷумҳури пешини Гурҷистон дар баробари 20 ҳазор нафар суханронӣ кард ва онҳо хост, ки тазоҳуроти худро барои наздиктар шудан бо Аврупо идома диҳанд.

Аз сӯи дигар, ҳам Маскав ва ҳам Киев гузоришҳоро дар ин бора, ки Валадимир Путин ва Виктор Янукович-руасои ҷамоҳири Русия ва Украина рӯзи ҷумъа масъалаи пайвастани Украина ба Иттиҳодияи Гумрукиро баррасӣ кардаанд, рад намуданд. Сухангӯи Путин изҳор дошт, ки ҷонибҳо дар мулоқоти худ “ҳамкориҳо дар бахши энержӣ”-ро баррасӣ кардаанд.

Арсений Ятсенюк-раҳбари мухолифони Украина иттиҳодияи Гумрукиро, ки дар он Русия нақши аслӣ дорад, як “нусхаи Иттиҳоди Шӯравӣ” номид.
XS
SM
MD
LG