Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон ва "шашгона" сари мизи музокирот бармегарданд


Имрӯз дар Женева даври навбатии музокироти Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ - ИМА, Бритониё, Русия, Фаронса, Чин ва Олмон оид ба барномаи ҳастаии Теҳрон шурӯъ мешавад. Дар гуфтушунид рӯи созише тамаркӯз хоҳад шуд, ки бар пояи он Эрон тайи шаш моҳи оянда, ба ивази коҳиши баъзе таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ пажуҳиши барномаи ҳастаии худро ё мутаваққиф ё кам мекунад. Кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла, мехоҳанд, ки Теҳрон то 20 дар сад ғанисозии ураниумро қатъ кунад.

Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон, чанде пеш изҳори умедворӣ кард, ки дар даври навбатии музокирот дар Женева созиш бо “шашгона” ҳосил хоҳад шуд. Ҳамзамон ӯ таъкид намуд, ки мақомоти эронӣ эътирофи ҳаққи кишвар барои тавлиди нерӯи ҳастаиро талаб хоҳанд кард.

Бори ахир музокироти Эрон ва “шашгона” дар Женева даҳ рӯз пеш баргузор шуда ва бидуни натиҷа поён ёфта буд.

Кишварҳои ғарбӣ Эронро дар талоши дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ айбдор мекунанд, аммо Эрон иро рад карда мегӯяд, ки барномаи ҳастаияш аҳдофи фақат осоишта дорад.
XS
SM
MD
LG