Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

4 сарбози афғон дар инфиҷори бам кушта шуданд


Дар вулусволии Новаи вилояти Ҳилманди Афғонистон дар натиҷаи бархӯрди мошини низомӣ ба бами роҳ 4 сарбоз ҷон додаанд. Умар Звок-сухангӯи вилоят ба радиои Озодӣ гуфт, ин ҳодиса рӯзи чаҳоршанбе замоне рух додааст, ки сарбозон дар ин минтақаи ноором ба гашти амниятӣ машғул будаанд. Масъулияти ин ҳодисаро ҳеҷ гурӯҳе бар уҳда нагирифтааст.

Дар ин минтақа Толибон ҳузури қаввӣ доранд. Мақомот мегӯянд, ки дар ин авохир нируҳои Афғонистон амалиёти бузургеро бар зидди тундравҳо дар вулусволии Сангини Ҳилманд оғоз кардаанд. Ин амалиёт ҳоло идома дорад.
XS
SM
MD
LG