Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Янукович: "Сухани ниҳоиро бояд мардум бигӯяд"


Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Украина, мегӯяд, масъалаи пайвастани ин кишвар ба Иттиҳодияи Аврупо ва ё Иттиҳоди Гумрукӣ бояд дар раъйпурсии умумӣ муайян шавад. Ӯ рӯзи ҷумъа дар як мусоҳибае гуфт, қарор дар бораи ин масъалаҳоро “бояд танҳо мардуми Украина қабул кунанд.” Виктор Янукович дар ҳоле дар ин бора сӯҳбат кард, ки Русия фишор ба Украинаро афзоиш додааст, то аз имзои созишномаи мушорикат бо Иттиҳодияи Аврупо даст кашида ва ба Иттиҳоди Гумрукӣ бипайвандад. Дар ин иттиҳоди ба раҳбарии Русия, ҳамчунин Ҷумҳурии Белорус ва Қазоқистон шомиланд. Украина умедвор аст, моҳи ноябри ҳамин сол созишномаи деринтизори мушорикат бо Иттиҳодияи Аврупоро ба имзо расонад, ки аз ҷумла тиҷорати озод миёни ду тарафро пешбинӣ мекунад. Русияву Қазоқистону Белорус мехоҳанд дар заминаи Иттиҳоди Гумрукӣ, Иттиҳодияи Иқтисодии Авруосиёро ташкил диҳанд.
XS
SM
MD
LG