Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳукумати Сурия ба бозрасони СММ иҷозаи расидигӣ дод


Маҳали ҳодиса дар наздикии Димишқ

Маҳали ҳодиса дар наздикии Димишқ

Ҳукумати Сурия мегӯяд, розӣ аст, ки бозрасони СММ ба иддао дар бораи истифодаи аслиҳаи кимёӣ дар наздикии Димишқ ба таври фаврӣ расидагӣ анҷом диҳанд. Ин ҳамла 21 август сурат гирифта буд.

Дар изҳороти вазорати корҳои хориҷаи Сурия омадааст, ки дар бораи анҷоми расидагӣ миёни ҳукумати Сурия ва Ангела Кейн-намояндаи СММ дар умури халъи силоҳ рӯзи якшанбе тавофуқ ба даст омадааст. Дар изҳороти вазорат омадааст, ки тавофуқоти ҷонибҳо “билофосила эътибор пайдо мекунад” ва ба бозрасони СММ иҷоза медиҳад, ки расидагиро оғоз кунанд. Бозрасони СММ барои ин кор ҳоло дар Сурия дар маҳали ҳодиса қарор доранд.

Фаъолони мухолифон мегӯянд, ки садҳо нафар аҳолӣ дар маҳаллоти зери контроли шӯришиён 21 август кушта шудаанд. Як мақоми аршади Амрико, ки аз вай ном бурда намешавад, гуфт, вай “хеле кам шубҳа дорад”, ки нируҳои ҳукуматии Сурия аз аслиҳаи кимёӣ истифода карда бошанд.

Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико рӯзи шанбе гуфт, агар нируҳои ҳукумати Сурия аз аслиҳаи кимёӣ истифода карда бошанд, дар он сурат посухи ҷиддӣ хоҳанд гирифт.
XS
SM
MD
LG