Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ҳамла дар Сурияро мояи бузурги нигаронӣ хонд


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, ҳамла бо истифода аз аслиҳаи кимиёвӣ дар Сурия “ҳодисаи бузург ва мояи бузурги нигаронӣ” аст. Ӯ рӯзи ҷумъа дар мусоҳиба бо телевизиони Си Эн Эн гуфт, агар собит шавад, ки ҳафтаи гузашта дар ҷанги Сурия аслиҳаи кимиёвӣ ба кор бурдаанд, Амрико “вазъро нодида нахоҳад гирифт.” Давлати Бритониё гуфтааст, ки ба эътиқоди он, нерӯҳои вафодор ба Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, рӯзи чаҳоршанбеи гузашта дар як маҳаллаи наздики Димишқ аз аслиҳаи кимиёвӣ истифода бурдаанд. Ба гуфтаи Вилям Ҳейг, вазири умури хориҷии Бритониё, “зоҳиран режими Башор Асад, чизеро пинҳон мекунад.” Давлати Русия шӯришиёни Сурияро ба он муттаҳам кард, ки монеъи таҳқиқи бетарафонаи ин ҳамла мешавад. Ба гуфтаи манобеъи шӯришиёни Сурия, дар натиҷаи истифода аз гази кушанда, аз 500 то 1300 нафар ҷон додаанд. Давлати Сурия иддаъоҳо дар ин заминаро рад мекунад.
XS
SM
MD
LG