Пайвандҳои дастрасӣ

Омӯзиши забони кореягӣ ба муҳоҷирони корӣ


Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бо Созмони байналмилалии «Ҳамкорӣ ва тарақиёт»-и Кореяи Ҷанубӣ ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонид.

Дафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷирати Тоҷтикистон 16 август ба радиои Озодӣ гуфт, ки ҳадафи аслии имзои ёддошти тафоҳум ба шаҳрвандони Тоҷикистон омӯзиш додани забони кореягӣ ва бо ҷои кор таъмин намудани онҳо дар Кореяи ҷанубӣ мебошад.

Дар ҳоли ҳозҳир даҳҳо шаҳрвандони Тоҷикистон дар Кореяи ҷанбуӣ ба корҳои мухталиф машғул мебошанд, аммо бинбар надонистани забон ва то омхутани забони кореягӣ ба мушкил ру ба ру мешаванд.

Ин ёддошти тафоҳумро муовини аввали сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон Анвар Бобоев ва директори сомзони байналмилалии «Ҳамкорӣ ва тарақиёт» Юу Лей Чул имзо гузоштанд.
XS
SM
MD
LG