Пайвандҳои дастрасӣ

Исроил мегӯяд, ба шаҳраксозӣ идома медиҳад


Як мақоми расмии Исроил мегӯяд, тарҳи бунёди тақрибан 900 хонаи нав барои шаҳракнишинҳои яҳудӣ дар Байтулмуқаддаси Шарқиро иҷро хоҳад кард. Эфрат Эрбах, сухангӯи вазорати умури дохилии Исроил, гуфт, амри тавсиаи шаҳраки Гило дар он минтақа содир шудааст. Бунёди 900 хонаи нав, бар изофаи барномаи нави бунёди 1200 хонаи дигар дар Канораи Ғарб ва Байтулмуқаддаси Шарқист, ки ҳукумати Исроил рӯзи якшанбе дар бораи он хабар дод. Эълони Исроил дар ҳолест, ки қарор аст, рӯзи чаҳоршанбе даври дуввуми музокироти сулҳ миёни Исроилу Фаластиниён сурат бигирад. Давлати Амрико, ки ду тарафро ба аз сар гирифтани музокирот мойил кард, аз барномаи Исроил барои тавсиаи шаҳракҳои яҳудинишин дар қаламравҳои ишғолӣ ибрози нигаронии ҷиддӣ кардааст. Иёлоти Муттаҳида бим дорад, ки тавсиаи шаҳракҳои яҳудинишин дар Канораи Ғарб ва Байтулмуқаддаси Шарқӣ музокироти сулҳро аз роҳаш хориҷ мекунад. Маҳз ҳамин кори Исроил дар соли 2010 хашми фаластиниёнро барангехт ва сабаби қатъи музокирот шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG