Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Миср 4 аъзои як шарики Ал-Қоидаро куштанд


Як гурӯҳи вобастаи Ал-Қоида дар нимҷазираи Синай мегӯяд, ки як ҳавопаймои бесарнишини Исроил бо ҳамлае дар дохили Миср чаҳор узви онро куштааст. Ансор Байт ал-Мақдис бо нашри баёнияе дар Интернет гуфт, ин чаҳор нафар ҳангоми омодагӣ ба ҳамлаи мушакӣ ба хоки Исроил, ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд. Ба гуфтаи созмон, яке дигар аз аъзои гурӯҳ ҷон ба саломат бурдааст. Маъмурони амниятии Миср бо шарти ифшо накардани номашон рӯзи ҷумъа гуфтанд, дар воқеъ дар ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишин аз қаламрави Исроил панҷ ҷангҷӯ кушта шуданд ва амалиёт ҳам бо ҳамкории мақомоти Миср сурат гирифтааст. Артиши Миср чанде баъд ин гузоришро рад кард, вале ҳеҷ шарҳи дигаре дар робита ба таркиш дар наздикии марз надод. Исроил чизе дар ин замина нагуфтааст.
XS
SM
MD
LG