Пайвандҳои дастрасӣ

Александр Берёзкин-сайёҳи кӯҳнаварди Русия аз пиряхи баландкӯҳи Сурган дар Тоҷикистон бо чархбол ба Душанбе интиқол дода шуд. Пои вай ҳангоми резиши тарма дар баландии 5000 метр аз сатҳи баҳр лат хӯрдааст ва вайро дар яке аз бемористонҳои шаҳри Душанбе бистарӣ кардаанд.

Ҳоло як гурӯҳи сайёҳони кӯҳнаварди Русия ба раҳбарии А. Соломонов дар кӯҳистонҳои Тоҷикистон қарор доранд. Тибқи хабари сафорати Тоҷикистон дар Маскав, Анастасия Павлова-хонуми Соломонов барои кӯмак ба сафорат муроҷеа ва дархости кӯмак кардааст.

Ҷониби Тоҷикистон субҳи якшанбе сайёҳи Русия Берёзкинро ба Душанбе интиқол додааст.
XS
SM
MD
LG