Пайвандҳои дастрасӣ

Сабабҳои моҷарои бозори Матвеевский рӯшантар мешавад


Хабарнигори бахши русии радиои Озодӣ аз Маскав гузориш додааст, ки дар бозори Матвеевский рӯзи чаҳоршанбе бори дигар амалиёти боздошт сурат гирифтааст. Дар ин амалиёт бештар аз 10 нафар ва аслан занҳоро боздошт кардаанд.

Дар ин бозор рӯзи шанбе гӯё барои таҷовуз ба номуси як ноболиғи маҳаллӣ аз тарафи як доғистонӣ моҷарое бахост ва аз он рӯз то ҳол се амалиёт дар ин ҷо анҷом гирифтааст ва бештар аз ҳазор нафар боздошт шудаанд.

Хабарнигори Озодӣ мегӯяд, ки моҷарои рӯзи шанберо аслан худи кормандони пулис таҳрик кардаанд ва ҳадафи таҳриккунандагони ин моҷаро он будааст, ки онҳо дар ҷои бозори Матвеевский маркази бузурги тиҷоратӣ созанд.

Рӯзи чаҳоршанбе бахши ғарбии шаҳрдории Маскав таъйид кард, ки ин бозорро аз байн мебаранд. Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки бар зидди ду корманди пулис барои хунукназарӣ ба кори худ ҳангоми моҷарои бозор парванда боз шудааст. 6 корманди пулис аз кор барканор шудаанд.
XS
SM
MD
LG