Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Попи Рум нахустин боздиди хориҷии худро бо Бразилия оғоз кард


Франсис-попи католикҳои Рум дар нахустин сафари хориҷии худ вориди Бразилия шуд. Франсис кифи худ ё сумкаи худ дар даст аз Рум ба Рио де Женейро бо ҳавопаймои тиҷоратӣ парвоз кард ва ин парвоз махсус барои ин сафар пешбинӣ шуда буд.

Баъд аз интихобаш ба мақоми попи католикҳои Рум дар моҳи март бори аввал Франсис-зодаи Аргентина ба қитъаи худ, яъне ба қитъаи Амрико сафар мекунад.
350 ҳазор ҷавонони пайрави калисои католикҳои Рум аз 175 кишвар Франсисро дар Рӯзи Ҷаҳонии Ҷавонон дар Рио де Женейро пазироӣ карданд.

Бозиди Франсис аз Бразилия дар марҳилае анҷом мегирад, ки калисои католикҳо дар ин кишвар мавқеи худро аз даст медиҳад. Назархоҳиҳои ахир нишон медиҳад, ки 57 дарсади ҷавонони 16 сола ва аз он боло худро католик ҳисоб мекунанд. Ин поинтарин нишондод дар ҷаҳон аст.
XS
SM
MD
LG