Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исломобод барои миёнҷигарӣ байни Кобулу "Толибон" омода аст


Як мақоми аршади покистонӣ гуфт, ки кишвараш дар сурати муроҷиати ҳукумати Афғонистон ва ҷунбиши “Толибон” метавонад барои “осон кардани музокирот” миёни онҳо мусоидат намояд. Изҳороти Сартоҷ Азиз, мушовири нахуствазир Навоз Шариф дар умури амниятӣ ва хориҷӣ, дар ҷараёни сафари якрӯзааш ба Афғонистон пахш шуд.

Ин нахустин сафари мансабдори воломақоми покистонӣ ба Кобул баъд аз таъсиси ҳукумати нав дар моҳи майи соли равон аст. Ҳадафи сафар – мусоидат ба эътидоли равобит миёни Исломобод ва Кобул эълон шуда буд Моҳҳои ахир Афғонистон пайваста Покистони ҳамсояро дар пуштибонӣ аз толибон айбдор мекунад.

Дар ҳамин ҳол Абдул Розиқ, раиси полиси вилояти Қандаҳор, воқеъ дар ҷануби Афғонистон, хабар дод, ки рӯзи якшанбе дар як амалиёт 18 ҷангҷӯ, аз ҷумла, ду фармондеҳи толибон кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG