Пайвандҳои дастрасӣ

Дар таркише дар канори Димишқ 13 нафар ҷон бохтанд


Дар канори шаҳри Димишқ, пойтахти Сурия, бар асари таркиши мошини ҳомили маводи тарканда дасти кам 13 нафар, аз ҷумла, даҳ корманди полис, ба ҳалокат расиданд. Дар ин ҳодиса як кӯдак ҳам ҷон бохтааст. Ба иттилои Маркази дидбони ҳуқуқи башар дар Сурия, мақараш дар Бритониё, таркиш шаби гузашта дар назди бинои идораи полис рӯй дод.

Хабаргузории расмии давлати Сурия иттилоъ дар бораи таркиш ва ҳалокати одамонро тасдиқ кард ва гуфт, ки онро як маргталаб анҷом додааст. Вале дар бораи теъдоди қурбониён иттилои расмӣ мавҷуд нест. Хабаргузорӣ навиштааст, ки ҳамла – кори дасти “террористҳо” мебошад - расонаҳои Сурия аз размандагоне, ки алайҳи режими Башор Асад мубориза мебаранд, ҳамин гуна ном мебаранд.
XS
SM
MD
LG