Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯҳрат Қудратов аз муфаттиши Оҷонсии фасод шикоят бурд


Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеъ мегӯяд, ки дар робита ба зӯроварии як муфаттиши Оҷонсии мубориза ба фасод, ба Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ шикоят бурдааст. Вакили мудофеъ Шӯҳрат Қудратов рӯзи 8-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз рӯи муфаттиши Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон Фирдавс Ниёзбадалов, ки ӯро дар СИЗО дар ҳузури зерҳимояи пешинаш Зайд Саидов ҳақорату дашноми қабеҳ дода, сипас латту кӯб кардааст, шикоят бурд. Ба нақли Шӯҳрат Қудратов, ҳамроҳ бо аризаи худ хулосаи тиббии латукӯбро низ ба Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ, пешниҳод кардааст.

Шӯъбаи бақайдгирии корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ низ дар ҳамин рӯз ворид шудани аризаи шикоятӣ аз номи шаҳрванд Шӯҳрат Қудратовро тасдиқ кард ва гуфт, ки дар ҳафтаи гузашта ин ариза ворид шудааст ва ҳоло дар дасти муфаттишони Шуъба қарор дорад. Вакили мудофеъ Шӯҳрат Қудратов, ки аз Зайд Саидов ҳимояи ҳуқуқӣ мекард, дар таърихи 25-уми июн бар асоси аризаи Зайд Саидов, ки дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ ба сар мебарад, аз вакилии ӯ барканор шуд. Шӯҳрат Қудратов дар ҳафтаи гузашта ба радиои Озодӣ хабари латукӯбаш аз тарафи муфатишони Оҷонсии зидди коррупсияро тасдиқ кард. Аммо Оҷонсии зидди коррупсияи Тоҷикистон ҳамоно хабари латукуби вакили дифои пешини Зайд Саидов аз тарафи муфаттишонашро рад кард.
XS
SM
MD
LG