Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров: "Сновден метавонад аз Маскав ба ҳар ҷо парвоз кунад"


Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия изҳор дошт, ки Эдвард Сновден-корманди пешини қарордодии Ожонси Марказии Кашфи Амрико ё ЦРУ ҳақ дорад аз фурудгоҳи Шереметевои Маскав ба ҳар кишвари дигар парвоз кунад.

Дар изҳороти Лавров, ки дар торнамои расмии вазорати корҳои хориҷаи Русия омадааст, гуфта мешавад, ки ҳукумати Русия ба Сновден ҳеҷ шикояте надорад.

Баъд аз ифшои барномаҳои махфии электронии назоратии Амрико ҳукумати ин кишвар Сновденро дар ҷосусӣ муттаҳам медонад. Аз рӯзи якшанбе ба ин сӯ, Сновден баъд аз парвоз аз Ҳонг Конг ва фуруд дар Маскав аз бахши транзитии фурудгоҳи Шереметево берун нарафтааст.
XS
SM
MD
LG