Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯҳробӣ аз "Хайр" ва Глаубер аз Гватемала ба Истиқлол" меоянд


Сӯҳробӣ(аз чап), Глаубер(аз рост). Акс аз сомонаи "Истиқлол"
Сӯҳробӣ(аз чап), Глаубер(аз рост). Акс аз сомонаи "Истиқлол"

Бошгоҳи футболи «Истиқлол»-и Душанбе боз бо ду футболбози хориҷӣ шартнома ба имзо расонд.

Ба даста ҳамлагари 26-солаи эронӣ Ҳусейни Сӯҳробӣ (қадаш 185 см, вазнаш 82 кг) ва нимҳимоятгари 31-солаи бразилӣ Глаубер Да Силва (қадаш 179 см, вазнаш 80 кг) қабул шуданд. Дар ин бора раиси бошгоҳи футболи «Истиқлол» Шоҳрух Саидов хабар додааст.

Легионери эронӣ Ҳусейни Сӯҳробӣ ба «Истиқлол» аз дастаи «Хайр»-и Ваҳдат гузашт. То дастаи «Хайр» ӯ дар тими «Нафти Теҳрон»-и Эрон бозӣ мекард. Ёдовар мешавем, ки Ҳусейни Сӯҳробӣ дар давраи аввали мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон дар ҳайати дастаи «Хайр» 7 гол задааст ва дар рӯйхати беҳтарин нишонзанҳои мусобиқот дар ҷойи аввал аст. Бояд гуфт, ки ин бозигари қоматбаланд 5 тӯбро бо сар вориди дарвоза кардааст. “Истиқлол” бо Ҳусейни Сӯҳробӣ то охири мавсим шартнома баста, имкони тамдиди ин қарордод боз барои се соли дигарро дар назар доштааст.

Бозигари дигари нави даста Глаубер Да Силва ба «Истиқлол» аз бошгоҳи «Алконес Ла Месиля»-и Гватемала гузаштааст. Глаубер ба футболи ҳирфаӣ соли 2001аз бошгоҳи «Америка» дар серияи «С»-и мусобиқоти қаҳрамонии Бразилия шурӯъ намудааст. Баъдан вай шарафи бошгоҳҳои футболи Бразилия - «Рекреативо», «Соседад Эспортив», «Санта-Круз», бошгоҳҳои «Атлетико Де Вила»-и Португалия, «Депортиво Атлетико Марте», «Депортиво Агила», «Онсе Мунисипал»-и Салвадорро ҳимоя кардааст.

Глаубер рӯзҳои наздик дар ихтиёри бошгоҳи «Истиқлол» қарор мегирад. То оғози давраи дувуми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон «Истиқлол» ба нақша гирифтааст, ки ҳайаташро боз бо ду бозигар – ҳимоятгар ва ҳамлагар пурзӯр намояд.

«Истиқлол», ки баъди анҷоми давраи аввали мусобиқоти лигаи олии футболи Тоҷикистон дар ҷадвал пас аз «Равшан»-и Кӯлоб дар ҷойи дувум аст, тасмим гирифт, ки бо легионери русиягӣ Роберт Жилин хайрухуш намояд. Ба гуфтаи Шоҳрух Саидов, футболбози русиягӣ умеди дастаро бо бозии ғайриқаноатбахши худ барбод дод. Жилин шояд бо дастаи ССКА «Помир»-и Душанбе шартнома бандад.

Футболбозони «Истиқлол» ҳоло ба Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон омодагӣ мебинанд. Дар марҳалаи пешакии мусобиқот дар минтақаи Душанбе, ки аз 23 то 28-уми июн дар варзишгоҳи «Хайр»и шаҳри Ваҳдат доир мешавад, «Истиқлол» 24 июн бо ССКА «Помир», 25 –ум бо «Хайр» ва 27-ум бо «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ рақобат мекунад.

Ба иттилоъи Муродҷон Умаров, мудири кулли бошгоҳи «Истиқлол», даста дар Ҷоми ФФТ бо ҳайати омехта бозӣ мекунад. Дар баробари бозигарони ҳайати ҷавонон ба майдон аъзои ҳайати асосӣ - Ҷахонгир Эргашев, Умедҷон Шарифов, легионерхои русиягӣ Артём Петренко, Александр Кудряшов ва бразилӣ Виллер Соуза Оливейра меоянд. Инчунин, дар ҳайати «Истиқлол» бозигари собиқи даста Фирӯз Бобиев, ки порсол ба дастаи «Сперанса»-и Молдова гузашта буд, бозӣ хохад кард.

Дастаи "Истиқлол" дар соли 2007 аз сӯи Рустами Эмомалӣ - писари раисиҷумҳури Тоҷикистон таъсис ёфта, дар як муддати кӯтоҳ ба лигаи олӣ роҳ ёфт. "Истиқлол" дар солҳои 2010 ва 2011 қаҳрамони футболи Тоҷикистон шуд, вале соли гузашта ин унвонро ба "Равшан"-и Кӯлоб, ки спонсораш Муҳаммадзоҳир Соҳибов - домоди раисиҷумҳури Тоҷикистон аст, бохт.
XS
SM
MD
LG