Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти "Истиқлол" дар Кӯлоб боиси барканории Кавазович шуд


Никола Кавазович бо тасмими раҳбарияти бошгоҳи футболи «Истиқлол»-и Душанбе аз вазифаи сармураббии даста барканор шуд.

Дар ин бора сомонаи бошгоҳи футболи «Истиқлол» хабар додааст. Дар он гуфта мешавад, раиси бошгоҳи «Истиқлол Шоҳрух Саидов иллати аз вазифа сабукдӯш кардани мутахассиси сербиягиро ба натиҷаи ғайриқаноатбахши даста марбут медонад, ки ахиран дар бозии муҳим аз «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд.

«Мо аллакай ба Кавазович дар бораи тасмими худ хабар додем. Барои ҳамкорӣ аз ӯ миннатдорем ва ба фаъолияти минбаъдаи мураббигиаш ба вай муваффақият мехоҳем. Дар бораи он, ки «Истиқлол»-ро ба давраи дувуми мусобиқот кӣ омода мекунад, дар наздиктарин фурсат иттилоъ дода мешавад», - изҳор кардааст Шоҳрух Саидов.


Кавазович рафт
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:15 0:00
Линки мустақим


Ёдовар мешавем, «Истиқлол», ки то даври 11-уми мусобиқоти лигаи олӣ пешсаф буд, баъди бохт дар Кӯлоб давраи аввали мусобиқоти каҳрамонии Тоҷикистонро бо 24 имтиёз дар мақоми дувум ба анҷом расонд. Рақиби аслиаш – «Равшан» бо 27 имтиёз дар ҷойи аввал қарор дорад.

Никола Кавазович моҳи апрели соли гузашта сармураббии дастаи «Истиқлол» таъин шуда буд. Бо раҳбарии ӯ «Истиқлол» Ҷоми раиси АФК-2012-ро ба даст овард ва барандаи медалҳои биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон шуд.

Бозигарону мураббиёни «Истиқлол» ба рухсатӣ баромаданд, ки он то 20-уми июл идома хохад кард. Ҳайати асосии даста пас аз таътил ба давраи дувуми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ, ки 7-уми сентябр шуруъ мешавад, омодагӣ мебинад.

Бояд гуфт, ки ин чаҳорумин истеъфои сармураббӣ дар мавсими имсола дар лигаи олии футболи Тоҷикистон мебошад. Аз ин пеш Юсуф Абдуллоев («Хайр»-и Ваҳдат), Ҳусейн Шодиев (ССКА «Помир»-и Душанбе) ва Маҳмадҷон Ҳабибуллоев («Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода) аз вазифаашон барканор шуда буданд.
XS
SM
MD
LG