Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рустам Хоҷаев – сармураббии нави «Хайр»


Рустам Хоҷаев, сармураббии дастаи "Хайр"

Рустам Хоҷаев, сармураббии дастаи "Хайр"

Рустам Хоҷаев сармураббии нави дастаи лигаи олӣ - «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат таъин шуд.

Вай иҷрокунандаи ин вазифа Исроил Идиевро иваз кард. Рустам Хоҷаев аз ин пеш мураббӣ-селексионери дастаи “Истиқлол” - Душанбе буд ва дорои муҷаввизи дараҷаи “В” мебошад. Ӯ дар дастаҳои мухталифи кишвар, минҷумла “Хайр” ва бошгоҳҳои хориҷӣ муваффақона бозӣ кардааст.

Ба иттилои Қутбиддин Хайров, раиси бошгоҳи футболи “Хайр”, Исроил Идиев минбаъд дар даста вазифаи мураббии калонро ба зимма дорад.

Ёдовар мешавем, ки сармураббии пешини даста Юсуф Абдуллоев баъди бохти “Хайр” ба “Истиқлол”-и Душанбе (1:3) аз вазифааш барканор шуда буд. Ӯро то анҷоми давраи аввали мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон Исроил Идиев, мураббӣ-бозигар, иваз кард. Баъди анҷоми давраи аввали мусобиқоти лигаи олӣ “Хайр” бо 17 имтиёз дар ҷойи севум мебошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG