Пайвандҳои дастрасӣ

Анҷоми давраи аввали қаҳрамонии футболи Тоҷикистон


"Равшан" - барандаи давраи аввал

"Равшан" - барандаи давраи аввал

Давраи аввали мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ ба анҷом расид.

Дар бозии охирини даври 11-ум дастаи “Хайр”-и Ваҳдат дар меҳмонӣ тими “Истаравшан”-и Истаравшанро бо ҳисоби бузурги 4-1 шикаст дод.

Ин бозӣ рӯзи якшанбе, 16-уми июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан баргузор шуд. Голҳо: Ҳусейни Сӯҳробӣ, 25 (0:1). Ҳусейни Сӯҳробӣ, 52 (0:2). Мирзобек Мирзоев, 55 (0:3). Мирзобек Мирзоев, 57 (0:4). Ғайрат Абдураззоқов, 85 – аз пеналтӣ (1:4).

Ин ғалаба ба дастаи “Хайр” имкон дод, ки бо 17 имтиёз дар давраи аввали мусобиқот ҷойи севумро соҳиб шавад. Вале дастаи “Истаравшан”, ки бурд надорад, бо 2 имтиёз дар зинаи охирин – 10-ум қарор гирифтааст.

Ёдовар мешавем, ки дар даври 11-уми мусобиқот пешсафон, муддаиёни аслии унвони қаҳрамони Тоҷикистон – дастаҳои “Равшан”-и Кӯлоб ва “Истиқлол”-и Душанбе 15-уми июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб бо ҳузури беш аз 20 ҳазор мухлис бо ҳам рақобат карданд. Дар ин бозӣ «Равшан» бо ҳисоби 1-0 пирӯз шуда, бо 27 имтиёз ғолиби давраи аввали мусобиқот гардид.

Голи ягонаро Течи Соломон, легионери «Равшан» аз Гана, дар нимаи аввали бозӣ, дар дақиқаи 38-ум зад. Вай хатти дифои «Истиқлол»-ро рахна кард ва бо дарвозабон Алишер Тӯйчиев як ба як баромада, тӯбро вориди дарвоза намуд. Дарвоқеъ, маҳорати баланди дарвозабони меҳмонон имкон надод, ки мизбонон аз лаҳзаҳои бисёри голзанӣ истифода карда, ҳисобро афзун намоянд.


Маъруф Рустамов(аз чап) ва Баҳодур Сӯфиев

Маъруф Рустамов(аз чап) ва Баҳодур Сӯфиев

Баъди анҷоми бозии “Равшан” - “Истиқлол” дар нишасти матбуотӣ Баҳодур СӮФИЕВ, мураббии калони дастаи “Истиқлол”, ба хабарнигорон чунин гуфт: “Мехоҳам ба футболбозони ҳарду даста барои бозӣ изҳори сипос кунам ва “Равшан”-ро бо ғалаба табрик мегӯям. Дар бозии имрӯза кори мо барор нагирифт. Ин футбол аст ва он аз бурду бохт иборат мебошад. Албатта бозиро бохтан нохуш аст, вале ҳаёт идома меёбад. Бохт қисми ҷудонашавандаи футбол аст. Аз ин бохт барои оянда бояд сабақ гирифт. Дар оянда мо азм дорем, ки вазъиятро ислоҳ кунем ва қусури бохтро барорем. Ман намехоҳам дастаи “Равшан”-ро маъюс кунам, вале бозигарони мо дар майдони ҳамвор бозӣ карданро одат кардаанд. Ман гуфтанӣ нестам, ки майдони Варзишгоҳи марказии Кӯлоб бад аст, вале агар шумо ба майдон мебаромадед, ба вазъи он худатон баҳогузорӣ мекардед. Вале барои бохти имрӯза мо худро сафед карданӣ нестем. Мо бад бозӣ кардем.”

Ба навбаи худ Маъруф РУСТАМОВ, сармураббии «Равшан», ба хабарнигорон чунин ибрози назар кард: “Мо бар рақиби пурқувват ғалаба кардем ва бинобар ин аз натиҷаи бозӣ розӣ ҳастем. Бозӣ вазнин буд. Бар “Истиқлол” дар хона ва дар ҳузури мухлисонамон ғалаба кардан барои мо дучанд гуворост. Мо азм дорем, ки имсол ҳам қаҳрамони Тоҷикистон шавем. Кӯшиш мекунем, ки дар ҳамаи бозиҳо натиҷаи баланд ба даст биёрем. Бачаҳо бисёр кӯшиш карданд, вале дар хатти пеш, ҳангоми ба анҷом расондани ҳуҷум корашон омад намекард. Дар ин лаҳзаҳо дарвозабони “Истиқлол” Алишер Тӯйчиев ба онҳо имкон намедод, ки муваффақ шаванд. Ба фикри ман дар бозии имрӯза Тӯйчиев дар ҳайъати “Истиқлол” ва Течи Соломон дар ҳайъати “Равшан” беҳтаринҳо буданд.”

Маъруф Рустамов рӯзи 17 июн дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Озодӣ дар бораи пирӯзии "Равшан" бар "Истиқлол" ва нақшаҳои дастааш дар давраи дувуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон чунин гуфт:




«Равшан» ягона дастаест, ки дар ҳамаи 9 бозиаш пирӯз шудааст. Дастаи «Истиқлол», ки дар мусобиқоти имсола аввалин бор шикаст хӯрд, бо 24 имтиёз дар ҷой дувум қарор дорад.

Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар даври 11-ум дар шаҳри Душанбе бар дастаи мизбон - ССКА “Помир” бо ҳисоби 2-0 ғалаба кард. Голи якумро Фирӯз Раҳматов дар нимаи аввал, дар дақиқаи 26-ум ва голи дувумро Шодибек Ғаффоров дар нимаи дувум, дар дақиқаи 51-ум ба самар расонданд.

Бозии дигари даври 11-ум дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд миёни дастаи мизбон – “Хуҷанд” ва “Энергетик”-и Душанбе барпо гардид. Ба голи Муҳаммад Гулипур, легионери эронии “Хуҷанд”, дар нимаи аввал, дар дақиқаи 5-ум бозигари «Энергетик» Бахтиёр Чориев дар нимаи дувум, дар дақиқаи 85-ум посух дод - 1-1.


Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот


Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Равшан» (Кӯлоб) 9 9 0 0 15-2 27
2. «Истиқлол» (Душанбе) 9 8 0 1 28-3 24
3. «Хайр» (Ваҳдат) 9 5 2 2 17-10 17
4. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 9 5 1 3 10-8 16
5. «Энергетик» (Душанбе) 9 3 2 4 9-11 11
6. «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 9 3 1 5 7-16 10
7. «Хуҷанд» (Хуҷанд) 9 2 3 4 7-9 9
8. «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 9 2 2 5 4-9 8
9. ССКА «Помир» (Душанбе) 9 0 3 6 3-12 3
10. «Истаравшан» (Истаравшан) 9 0 2 7 4-24 2

Нишонзанҳои беҳтарин: Ҳусейни СӮҲРОБӢ («Хайр») – 7 тӯб, Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол») – 6 тӯб, Ҷаҳонгир ЭРГАШЕВ («Истиқлол») – 5 тӯб, Александр КУДРЯШОВ, Виллер Соуза ОЛИВЕЙРА, Юҷин СЕПУЙЯ (ҳарду - «Истиқлол»), Нӯъмонҷон ҲАКИМОВ («Равшан»), Комил САИДОВ («Регар-ТадАЗ»), Фарҳод ТОҲИРОВ («Парвоз»), Идибек ҲАБИБУЛЛОЕВ («Хайр»), Муҳаммад ГУЛИПУР («Хуҷанд»), Ғайрат АБДУРАЗЗОҚОВ («Истаравшан») – 3-тӯбӣ.

Дастаҳои лигаи олӣ бо анҷоми даври аввал ба танаффус баромаданд. Рӯзи якшанбе, 23-юми июн давраи пешакии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон шурӯъ мешавад, вале дар он на ҳамаи дастаҳои лигаи олӣ хоҳиши ширкат варзиданро кардаанд. Оғози давраи дувуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ авоили моҳи сентябр дар назар аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG