Пайвандҳои дастрасӣ

"Дӯстони Сурия" чирикиҳоро бо силоҳ таъмин мекунад


Нишасти Қатар

Нишасти Қатар

Гурӯҳи “Дӯстони Сурия”, ки кишварҳои мухолифи режими Башор Асадро муттаҳид мекунад, ҷиҳати ироаи кумакҳои оҷили низомӣ ба чирикиҳо розӣ шуд.

Вазирон аз 11 кишвар рӯзи шанбеи 22 июн дар Қатар бо як аломати дигари ҳимоят аз ба чирикиҳое, ки алайҳи режими асад меҷанганд, розӣ шуданд, то “ба сурати оҷил ба мухолифин тамоми маводу таҷҳизоти лозимро таъмин кунанд, ҳар кишвар бо роҳи худ онҳоро барои муқобила ба ҳамлаҳои ваҳшиёнаи режим ва муттаҳидонаш қодир мегардонад.”

Гурӯҳи “Дӯстони Сурия” дар изҳороташ ҳамчунин нақш ва дахолатеро, ки Ҳизбуллоҳ – гурӯҳи ҷангии шиъаҳои Лубнон, бо пуштибониаш аз нирӯҳои Асад дар низоъи Сурия дорад, маҳкум кард.


Ҷон Керрӣ

Ҷон Керрӣ

Вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керрӣ рӯзи шанбе, ҳанӯз қабл аз расидан ба ин тавофуқ гуфт, пуштибонии бештари низомӣ метавонад мавқеъи чирикиҳо дар музокироти пешниҳодии сулҳ бо давлати Сурияро қавитар кунад: “Мо қарор кардем, ки дар амри овардан ба ин музокирот чораи дигаре ба ҷуз аз кумакҳои бештар бо ин ё он роҳ надорем, ҳар кишвар худаш тасмим мегирад, ки кадом роҳе барояш роҳаттар аст, вале ҳама ҷиҳати иқдомоти бештар барои кумак ба мухолифини Сурия тааҳҳуд супурданд.”

Ҷон Керрӣ гуфт, музокироти сулҳе, ки интизор меравад, тобистони имсол дар Женева доир шавад, беҳтарин роҳ барои хати низоъи дусолаи Сурия боқӣ мемонад: “Чорчӯби ҳалли сиёсӣ инҷост. Он алакай вуҷуд дорад. Ва ин чорчӯб аз сӯи СММ, Лигаи Араб, ҷомиаи Аврупо, Ийолоти Муттаҳидаи Амрико ва дигарон тасдиқ шудааст. Ҳама аз як гиребон сар бароварда, мегӯянд, роҳи ҳалли беҳтарин, танҳо роҳи ҳалли мушкили Сурия роҳи ҳалли сиёсист. Мо бар ин ин бовар нестем, ки ин низоъ роҳи ҳалли низомӣ дошта бошад.”

Сарвазир ва вазири хориҷаи Қатар Шайх Ҳамад бин Ҷассим ал-Занӣ, ки низ дар нишасти Доҳа ҳузур дошт, гуфт, таъмини чирикиҳо бо силоҳ танҳо роҳи наздик шудан ба сулҳ дар Сурия аст: “Нирӯ барои расидан ба адолат лозим аст ва таъмини силоҳ танҳо роҳи расидан ба сулҳ аст.”

Ҳафтаи гузашта Вошингтон гуфт, шавоҳидае ба даст овардааст, ки давлати Сурия аз силоҳҳои кимиёвӣ истифода бурдааст ва Амрико омода аст, таъмини чирикиҳо бо силоҳро оғоз кунад. Иттиҳодияи Аврупо низ эмбаргои таъмини таслиҳот ба Сурияро дар мавриди мухолифини режими Башор Асад сабуктар кардааст.

Аммо Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия – яке аз муттаҳидони ангуштшумори Сурия – дар вокуниш ба қарори "Дӯстони Сурия" гуфтааст, таъмини мухолифон бо силоҳ метавонад баргузории анҷумани сулҳи Сурия дар Женеваро зери суол барад.


Башор Асад

Башор Асад

Эътирозҳо бо талаби истеъфои Башор Асад дар Сурия бо илҳом аз эътирозҳои “баҳори Араб” тақрибан аз моҳи марти соли 2011 оғоз ёфт. Вале ба фарқ аз Тунису Мисру Яман, ки эътирозгарон бо хунрезии нисбатан камтар ба табдили режимҳои ҳоким ноил шуданд, ё ҳатто Либия, ки режими Муаммар Қаззофӣ баъди камтар аз як соли набардҳои хунин суқут кард, низоъи Сурия ба як ҷанги хунине печид, ки беш аз 2 сол боз идома дорад ва дар ин муддат мунҷар ба ҳалокати даҳҳо ҳазор нафар шудааст.

Ҷанги Сурия, ҳамин тавр, торафт рангу бӯи бештари як низоъи мазҳабиро ба худ мегирад. Башор Асад бо замми собиқаи раҳбарии падараш Ҳофиз Асад беш аз 40 сол боз дар раъси ин кишвар аст, пайрави равияи алавии мазҳаби шиъа мебошад. Ин дар ҳолест ки алавиҳо тақрибан 10 дарсади ҷамъияти аксаран суннимазҳаби Сурияро ташкил медиҳанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG